Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То бегоҳ боз ду - се соат вақт буд ва банда қавл додам, ки то фарорасии шом ба қаҳвахонаи тарафи муқобили кӯча, ки аслан дар сари чорраҳа аз тарафи муқобил ҷойгир буд, даромада мешинам.
Чун вориди қаҳвахона шудам, онро холӣ дарёфтам, вале баробари пой бар остона гузоштани ман духтараке аз утоқи шафат, ки шояд ошхона буд, берун омад ва бандаро хушомад гуфт.
Ба тарафи рости дари даромадгоҳ ҳаракат намуда, паси мизе, ки дар шафати тиреза буду пардаи шаффофе сокинони дохили онро аз чашми роҳгузарон эмин медошт нишастам.
Духтарак, ки шояд кайҳо омадани меҳмонеро интизор буд, номгӯйи хӯрокҳоро пешам гузошт, вале аз пешам дур нашуд.
Шояд гумон дошт, ки аз нархҳои подарҳавояшон хеста мегурезам. Ба ростӣ дар қиёс бо нархҳои тарабхонаи «Кайҳон» қариб ки нархҳояшон баробар буданд, ҳол он ки сатҳи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо баланд аст. Нигоҳи имдодҷӯёнаи ӯро дида «Лағмон» ва чойи кабуд фармудам.
Духтарак ҳамоно аз пайи супориши банда рафт ва ман як гӯшаи пардаро каме ба тарафи худ кашида ба берун назар намудам. Дар тарафи муқобили кӯча автомашинае истод ва аз дохили он ҳамкорамон Салим Ворис берун омад. Рафту агар ҳамон дастагули дасташ намешуд, ман ӯро ҷеғ мезадам, то каме ҳам бошад бо вай суҳбат намоям. Салим рӯйи роҳи пиёдагард баромада, таги дарахти чиноре сари худро аз офтоби на чандон сӯзони охири моҳи феврал панаҳ кард. Маълум буд, ки ӯ омадани касеро интизор аст. Аз нигоҳи ӯ пай бурдан душвор набуд нафаре, ки интизораш аст бояд аз самти муқобил аз ҳамон тарафе, ки ман акнун омада будам, биёяд...
Дар ин муддате, ки банда ба тамошои кӯча машғул будам духтарак лағмон овард ва банда лаҳзае ҳам бошад аз тамошои кӯча даст кашида чумчаро ба даст гирифтам. Ҳарчанд лағмонҳои овардаи пешхизмат бо лағмонҳои чойхонаи «Роҳат» баробар шуда наметавонистанд, вале онро лағмони бад ҳам гуфта намешуд. Иштиҳои бандаро дида пешхизмат аз пайи овардани чой рафт...

пешина
аз 515
навбатӣ