Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Намедонам,– гуфт пиразан ва нигоҳашро ба самти муқобил духт, вале наберачааш, ки духтараки панҷ ё шашсола буд гуфт, ки ин хонаи холаи Сулҳия аст. Ин рафтори набера ба бибиаш чандон хуш наомад, ки дасти ӯро такони бештаре дод ва набера ҳам нигоҳашро, ки то ин дам ба сӯйи ман духта буд, ба тарафи бибиаш духта аз қафои ӯ ҳаракат кард.
Маро ба ҷуз даст ба тугмачаи занг бурдан дигар чорае намонда буд. Баробари садо додани занг аз дохили ҳавлӣ овози бадҳайбати саге ҳам баланд шуд. Ман ҳамоно даст аз тугмачаи пушти дар бигирифтам, вале посбони хона ҳамоно акос мезаду акос...
Банда боз чанд дақиқае пушти дар интизор шуда, дуюмбора тугмачаро аз аввала дида бештар пахш намудам. Бо ин амали худ ғазаби сагро бештару бештар намудам ва ӯ низ тамоми овозашро баланд намуда, ба ман фаҳмониданӣ мешуд, ки хона бесоҳиб нест ва беҳтар аст, ки хайёлҳои хомро аз сар бадар намоям.
Ниҳоят баъди занги сеюм ва интизории аз аввала дида тулонитар ман аз назди он дарвоза дур шудам. Чун ба сари роҳи калон омадам ҷавонзани миёнқаде, ки чеҳраи ниҳоят нуронӣ дошт аз рӯ ба рӯям баромад. Ба қавле ӯ на паст буду на баланд, мӯйи сари марғула, вале кутоҳкардашуда дошт. Шими ҷинс ва курткаи ҳамранги он ба танаш ниҳоят шинам буд. Нигоҳи бандаро дида, эҳтимол маро булҳавас хонд ва бо тамасхуре ба сӯям нимтабассум намуд. Аз ин табассуми сарди ӯ дилам фишурда шуд ва худ ҳамоно нигоҳамро ба таври ростхата равон сохтам то дигар он табассуми сардро дучор наоям. Ҷавонзан бо виқор аз паҳлуям гузашта, ба ҳамон тарафе, ки ман омада будам ҳаракат намуд.
Ба милиса рафтан ҳам бароям чандон хуш набуд. Ҳамаи инро сабаб суҳбати чанд соат пештар бо муфаттиши прокуратура доштаам буд. Рафту ман асрори ниҳони Беназирро пинҳон намекардам, аз эҳтимол дур набуд, ки мо баъди муҳокимаи якҷоя нуги гиреҳеро ба даст меовардем. Ба ақидаи кунунии банда Фурӯғи Шариф танҳо ба хотири дастовардҳои пешин бо ман муросо намуд. Акнун ҳарчи буд ё набуд, ман бояд бо Сулҳия Муродовна вомехӯрдам ва фикру ақидаи ӯро шунида, дар бораи Беназир хулоса мебаровардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор