Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муфаттиш бандаро то пеши зинаҳои беруни бинои прокуратура гусел намуд. Ман бо нигоҳе бо ӯ хайрбод гуфтам ва аз зинаҳо ба поён ҳаракат кардам.

... 9 ...

Дар нимаи дуюми рӯз банда ба суроғи Эшонова баромадам. Дар рӯ ба рӯйи идораи телевизиони тоҷик аз нақлиёти шаҳрӣ фаромада, аз кӯчаи паҳлӯи он ба тарафи Шарқ ҳаракат намудам. Баҳри ба хаттое роҳ надодан бори дигар он коғази навиштаи муфаттишро аз ҷайб бароварда, ба он назар духтам:
кӯчаи Академикҳо гузаргоҳи панҷум хонаи... Дар кӯчаи мазкур дар замони собиқ СССР танҳо ашрофзодагон зиндагӣ мекарданд. Худи номи кӯча ҳам нишонае аз шахсиятҳои дар он ҷо зиндагӣ мекардагӣ буд. Кӯчаи Академикҳо. Айнан кӯчаеро бо чунин ном дар солҳои охири ҳукмронии Империяи Бузург дар замоне, ки кишварҳои соҳили Балтика бо мо якҷоя буданд дар пойтахти ҷумҳурии Латвия шаҳри Рига дида будам. Банда дар он ҷо шаберо чун иҷоранишин дар кӯчаи Академикҳо рӯз намуда, сипас рӯзи дигараш ба истироҳатгоҳи «Пушинас», ки воқеъ дар шаҳри Палангаи Ҷумҳурии Литва буд, рафтам. Аз рӯйи сохт қариб, ки биноҳои ҳарду кӯча ҳам дар ду ҷумҳурӣ якранг буданд, ин ҳам яке аз сохти меъмории замони советӣ ба шумор мерафт.
Баъди ҷустуҷӯйҳои на чандон тулонӣ ман гузаргоҳи панҷумро ёфтам ва боз баъди на бештар аз панҷ дақиқа паси дарвозаи калони кандакоришуда таваққуф намуда, қоматамро рост карда, ба гирду атроф назар дӯхтам...
Пиразане дасти наберааш дар дасташ аз тарафи муқобил ба сӯйи ман ҳаракат дошт ва ман ба хулосае омадам, ки пеш аз дастамро ба тугмачаи занги дар бурдан омадани ӯро интизор шавам ва дар бораи соҳиби хонае, ки акнун пеши дарвозааш рост истодам, маълумоте ба даст оварам. Баъди гузаштани на бештар аз як дақиқа пиразан паҳлӯям рост шуд ва ман салом дода, пурсидам, ки оё дар ҳамин хона Эшонова зиндагӣ мекунад ё не?

пешина
аз 515
навбатӣ