Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Фурӯғи Шариф аз ғалладони мизи кориаш дафтарчаеро бароварда, муддате онро варақгардон намуда, сипас хома ба даст гирифта болои варақи на чандон калоне чизе навишта, онро ба сӯям дароз намуда гуфт:
– Акбар Ҳакимович илтимос ҳарчи тезтар аз пайи дарёфти ҳамин шахс шавед.
Ман он коғаз бигирифтам ва чашм ба он дӯхтам: – Эшонова Сулҳия Муродовна, гузаргоҳи панҷуми кӯчаи Академикҳо хонаи...
– Ҷанг ҷанг асту нанг– нанг, акнун вақти он расидааст, ки нанги худ сар барем бигуфт муфаттиш.
Ҳарчанд ин ном бароям шинос буд, вале сухане ба забон наовардам, чунки дигар ҳама ҷаҳду талошҳои банда дар ин самт бемавқеъ буданд. Ман акнун итминони комил пайдо намудам, ки ҳамин духтараки резапайкар низ дастҳоро болои ҳам гузошта, интизори хабар овардани мо набудааст. Модоме, ки ӯ ҳатто Сулҳияро медонад, пас куҷост кафолат, ки вай аз асрори Беназиру Анор дар Евпотория хабардор набошад. Не, дар ин бора ӯ забон накушод, ҳатто номи Анорро ҳам ба забон наовард, вале банда итминони комил доштам, ки Фурӯғ аз ин ҳам маълумоти бештаре дорад ва акнун мехоҳад, ки бо ҳамин васила дуюмбора бандаро ба роҳи рост, ба сухани рост ҳидоят намояд.
Маълум буд, ки Фурӯғ ҳам чун ҳамешагӣ бандаро дар роҳи ҳақиқат рост дидан мехоҳад. Ӯ интизори сухани рости ман аст, ҳарчанд он сухан барои ҳардуи мо талх аст. Ман фаҳмидам, ки дар тарозуи вақт на танҳо обрӯйи милиса, балки худи ҳақиқат гузошта шудааст. Ҳақиқате, ки аз гуфтани он ба хотири обрӯйи милиса, ба хотири рӯҳи Беназир ман онро бо домон пӯшидан хостам, бехабар аз он ки ҳақиқат ҳам чун офтоб аст ва бо домон пушонидани он маъное надорад. Ман пиёлаи чойи кайҳо хунукшударо ба лаб бурдам...
– Шояд як пиёла ҷойи дигар резам?
– Ташаккур, рафтанам,– лозим гӯён он коғази навиштаи муфаттишро, ки ҳанӯз болои миз пешам меистод гирифта ба ҷайб задам ва аз ҷой бархестам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор