Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

гирифтани бандаро дида мусоҳибам фаҳмид, ки агар худ овоз рушан накунад, дар айни вақт аз санг садо меояду аз ман не, ё шояд мақоли изои муъмин ҳаромро ба ёд овард, ки гуфт:
– Шояд агар ман ҳам ҳамроҳи Беназир дар милиса кор мекардам, чун шумо рафтор мекардам...
– Яъне ки ӯро ҳимоя мекардед?
– Албатта. Медонед чӣ Акбар Ҳакимович,– суханашро идома дода гуфт ӯ ва монеъаи посухи банда нашуда худ ба суоли худ чунин посух гуфт: коллектив ҳам оила аст ва ҳамаи баду неки дохили оила бояд аз ҳудуди оила берун нашавад. Ҳеҷ кас то кунун нагуфтааст, ки дуғи ман туруш аст.
Сипас ӯ сарпӯши моҳутдорро аз болои чойники дар як гӯшаи мизаш гузошташуда бардошта, ба пиёлае, ки гулҳояш чун худи гулҳои чойник хушаи ангур буданд, чой рехта аз ҷояш бархоста, дасти чапашро ба таъзим пеши бар гирифта, бо дасти росташ пиёларо ба сӯям дароз намуда гуфт:
– Марҳамат як пиёла чой...
Аз чунин амал дида, агар ӯ пиёларо бо тамоми қувва ба пешонаи ман мезад, садҳо бор розитар будам. Табассуми зебои вайро дида гумон намудам, ки он табассум ба нурҳои лазерӣ мубаддал гашт ва сари ман аз тан ҷудо сохт...
– Марҳамат як пиёла чой,– гуфтани муфаттиш ва табассуми зебои ӯ ин баробари тире буд, ки қалби ман бишикофт. Дар ҳақиқат Фурӯғи Шариф бо ханда маро бикушт, дурустараш бо пахта сарам бибурид...
Ба ростӣ ман аз рафтори худ шарм доштам. Чӣ лозим буд ҳақиқатро аз муфаттиш, аз оне ки худ ҷӯёи ҳақиқат аст пинҳон намудан. Бубин, аз замони Одам (а) то Ҳотам ва аз Ҳотам то ба ин дам моро ҳушдор месозанд, ки «Ростиро завол нест».
«Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек» шиори шоҳ Ҷамшед буд, ки мо ӯро низ чун аждоди гузаштаи худ парастиш мекунем.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, банда ба чашми оне, ки чун худи ман ҷӯёи ҳақиқат аст, хок пошиданӣ шудам. Бо ин ҳама меҳрубониҳои худ муфаттиш тавонист, хаттои дар ниҳодам чун вулқон сарзадаро хомӯш созад... Зиҳӣ инсоне, ки Худованд ба ӯ чунин дили софу беолоиш додааст, зиҳӣ инсоне, ки ӯро ботинаш чун зоҳираш зебост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор