Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Дар асл бошад ман гумон мекунам, ки шумо рафиқ майор фаромӯшхотир шудаед.
– Вале банда ҳамин ҳолатро дар худам ҳанӯз мушоҳида накардаам.
– Субҳи рӯзи сешанбе ҳамон нафаре, ки бандаро тариқи телефон барои рафтан ба тарабхонаи «Кайҳон» ҳидоят намуда буд, дуюмбора занг зада хабар дод, ки нафаре аз милисаҳои ноҳияи Гулистон аниқтараш майори милиса Абдумаҷидов Акбар Ҳакимович бо ҳамон объекте, ки мебоист таваҷҷӯҳи моро бедор мекард вохӯрд. Чун суҳбати Абдумаҷидов бо объекти мазкур характери конфиденсиалӣ доштааст нафаре, ки баҳри ёрӣ додани мо дасту остин барзадааст, аз рафти суҳбат огоҳ шуда натавонистааст...
– Замоне шефи ҳамин идора бандаро фантазёр4 гуфта буд, вале афсӯс, ки ман нисбат ба шумо ҳамин суханро гуфта наметавонам.
– Вале ман чӣ гуфтанамро медонам. Оё беҳтар нест, ки мо аз як гиребон сар барорем. Ман ҳатто медонам, ки Беназири Назир ба чӣ корҳо машғул буд, шумо ҳам ҳамин чизро нағз медонед, вале ба хотири нигоҳ доштани мақоми милиса ва обрӯйи он тайёред, ки ба офтоб аз паси панҷа нигаред. Аслан, аз паси шахси фавтида сухани пасту баланд гуфтан чандон хуб нест, вале мо на бояд аз ҳақиқат чашм пӯшем. Ҳатто дар вақти ҷаноза ҳам ман нисбат ба худораҳматии Беназир гапҳои ноҷо шунидам. Ҳарчанд шумо аз Беназир фаришта ҳам тарошед ман бовар намекунам, чунки то кунун касе офтобро бо доман напӯшонидааст. Оё беҳтар нест, ки мо ҳақиқатро рӯйи об барорем, то он ба дигарон панд шавад. Ҳеҷ гоҳ аз рӯйи як нафар шуда, мардум ақидаи аслиашонро нисбат ба милиса ва ҷонбозиҳои он дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ дигар нахоҳанд кард. Ҳеҷ гулзор бе хор нест ва Беназир ҳам хори милиса буд, ба инаш чӣ мегӯед?
Ба ростӣ агар заммин мекафиду ман фурӯ мерафтам аз шунидани ин суханон бароям осонтар буд. Муфаттиш рост гуфт, ки офтобро бо доман пушонида намешавад. Маълум буд, ки ӯ сарчашмаи боэътимоде дорад, вагарна метавонад, ки аз қафои шахси марҳум беасос чунин суханҳо гӯяд. Шояд ба даҳон об

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор