Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ илоҷ дар ноомади кор атола дандон шиканад, – гуфт Воҳид Камол ва таъкид сохт, ки масъалаи мазкурро ягон дақиқа аз мадди назар дур накунем.
Ниҳоят бо рухсати Воҳид Камол мо дафтари кориашро тарк намудем ва чун берун баромадем навбатдор бандаро огоҳ намуд, ки муфаттиши прокуратура ба суроғам омада буд ва баъди интизории на чандон тулонӣ ба ҷойи кораш рафт ва хоҳиш намуд, ки илоҷе намуда як сари қадам ӯро бубинам.
Чун Наврӯз Умар он ҷо буду нисбат ба суханони аз навбатдор шунидааш эътирозе накард, ман ба сӯйи дари баромадгоҳ ҳаракат намудам. Баъди понздаҳ дақиқа ба даре, ки дар болояш бо ҳарфҳои хоно «Муфаттиш Фурӯғи Шариф» навишта шуда буд, ангушт задам.
– Эй хайрияте,– баробари дидани банда оҳҳи сабуке кашида гуфт муфаттиш.
– Ба фикрам маро пазмон шудаед?
– Пазмон гуфтан ин кам аст мефаҳмед, марҳамат гузашта шинед,– гуфт Фурӯғ ба тарафи курсие ишора намуда.
Баробари ба курсӣ нишастанам муфаттиш ҳам чун Воҳид Камол аз пеш нарафтани тафтишот изҳори нигаронӣ намуд, вале ин ҳама нигарониҳояш ҳанӯз аз нӯги хамир фатир буд...
– Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро натиҷаи кори худро дар тарабхонаи «Кайҳон» аз ман пинҳон мекунед,– гуфт ӯ.
Мисли оне, ки дар сарат як сатил оби хунук рехта бошанд, аз шунидани ин суханон ҳушёртар шудам, вале ҳамоно худро ба даст гирифтам, то бифаҳмам боз ӯро чӣ далеле дар даст аст.
Падарам, ки мӯйи сари худ дар милиса сафед кардааст такрор намудани мақоли «то реша дар об аст, умеди самаре ҳаст» – ро дӯст медорад ва ба ҳамаи кунҷкобиҳои муфаттиш нигоҳ накарда, ман ҳам худро бой додан намехостам, бинобар ин гуфтам: – Ман ҳам ба ростӣ шуморо нафаҳмида истодаам.
– Субҳи рӯзи сешанбе пеш аз ҷаноза ба ёдат ҳаст, ки ман ба шумо занг задам.
– Албатта. Ман то кунун ба касалии склероз (фаромӯшхотирӣ) гирифтор нашудаам, ки суханони шуморо фаромӯш намуда бошам.

пешина
аз 515
навбатӣ