Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чунинашро касе интизор набуд ва акнун, ки санҷиш паси сар шуда буд, давутози шогирдони Шукрихудоевро ба ёд оварда, ақли кас намегирифт, ки мо ҳамин хел осонакак аз ғазаби «боло» халос мешавем. Давутози дирӯзаи шогирдони Шукрихудоев аслан мақоли халқии давидани гӯсола то коҳдонро мемонд. Онҳо ҳатто барои муҳокимаи натиҷаи «бозёфтҳои» худ то сари субҳ сабр накарда, соати бисту сеи шаб бо роҳбарияти мо ҳисобу китобашонро баробар намуда рафтанд...
Баъди анҷоми маҷлиси таҳлилӣ, ки сарчашмаи асосиаш санҷиши дирӯзаи бахши кофтукови ҷиноятӣ буд ва ба қавле муовини сардори раёсат ин даъфа ҳам аз камбудиҳои мо гузашт намуда буд, Воҳид Камол банда ва Наврӯз Умарро боз чанд дақиқаи дигар баъди рафтани дигарон боздошта, ҳамон дарди куҳанаашро ёдовар шуд:
– Фаромӯш насозед, ки дар тарозуи вақт обу рӯ ва эътибори милиса гузошта шудааст.
– Мо мекушем,– сардори ШКД – ро каме ором кардани шуда гуфт Наврӯз Умар.
– Имрӯз панҷ рӯз мешавад, ки Беназир дар байни мо нест, вале то кунун шумо рафиқ подполковник ягон гиреҳе аз ин ҳодиса дар даст надоред. Дирӯз Шукрихудоев бо парвандаҳои шахсони дар алоқаи мо буда шинос шуда, қариб чашмони маро кур карда буд, ки ягон хабари аҳмиятноке дар онҳо нест, ё гапам нодуруст?
– Не дуруст.
– Муфаттиши прокуратура дар ин бора чӣ андеша дорад?
– Рӯзи душанбе кадом як зани ношиносе ба вай занг зада хабар додаст, ки агар асрори марги Беназирро донистан хоҳед ба тарабхонаи «Кайҳон» равед. Банда ба он ҷо Акбар Ҳакимовичро фиристодам, вале ҳамааш бенатиҷа. Рӯзи сешанбе ҳама ба ҷаноза рафтем, дирӯз ҳамроҳи комиссия будем...

пешина
аз 515
навбатӣ