Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ба фикрам ӯ кинояи бандаро нафаҳмид, вагарна бо чунин саводе, ки дошт ҳаргиз зинаи болотареро аз мақоми ҳозира доштааш бояд орзу намекард. Орзуи Носиров аслан чарбу хоб дидани пишак ва ё озодӣ хоб дидани ғуломро мемонд ва ман ҳам нахостам ӯро аз байни орзуҳои ширинаш раҳо созам. Ӯ дар роҳрав бовиқор қадам зада, тамоку дуд медод ва қариб, ки роҳрав ҳам дар зери фаввораи дуд монда буд. Ниҳоят худи банда сабуриро аз даст дода гуфтам:
– Канӣ бубинед, суҳбати командир тамом шуд?
– Агар суҳбаташ тамом шавад, вай худаш моро ҷеғ мезанад.
– Маълум, ки ӯ ҳам хислати командирашро медонистааст.
Аз эҳтимол дур набуд, ки Шукрихудоев ҳангоми гуфтугӯйи телефониаш вайро чандин маротиба пушти дар нафиристода бошад.
Аз байн боз даҳ – понздаҳ дақиқа гузашт. Ниҳоят ман худам сабуриро аз даст додам ва ба эътирози Носиров аҳмият надода, ба дар ангушт зада, мунтазири ҷавобаш ҳам нашуда, дарро кушодам. Шукрихудоев ҳам чун шогирди пушти дараш дар зери фавораи дуди тамоку монда буд. Ӯ бандаро ҳатто барои густохиам, ки мунтазири ҷеғ заданаш нашудам сарзаниш ҳам накарда гуфт:
– Марҳамат дароед. Дар ин понздаҳ – бист дақиқа ӯро шинохта натавонистем.
– Камбудиҳоро ислоҳ намоед, – гуфт ӯ ва ба ҷуз маълумотномаи тайёркардаи шогирдаш дигар ҳама ҳуҷҷатҳоро ба дасти ман дод. Носиров бандаро то пеши дар гусел намуда, худ ҳамроҳи устодаш монд. Баъди ду рӯз мо фаҳмидем, ки ҳамон бегоҳ кормандони агентии назорати молиявӣ ҷияни Шукрихудоевро, ки муфаттиши прокуратураи яке аз районҳои тобеи марказ будааст дар даст доштан бо ришваситонӣ дастгир намудаанд...
... 8 ...
Субҳи рӯзи пайшанбе вақте ки мо ба кор омадем аз он комиссияи босалоҳияти дирӯза ному нишон надидем. Наврӯз
Умар гуфт, ки шаби гузашта соати бисту се комиссия кори худ ҷамъбаст намуд ва новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта полковник Шукрихудоев кори бахши кофтукови ҷиноятиро дар маълумотномаи ба номи сардори раёсати шаҳрӣ тартибдодааш қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор