Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳамин асно телефон занг заду муовини сардори раёсат гӯшакро бардошт.
– Ҳа ман, полковник Шукрихудоев гӯш мекунад... Сипас, ӯ бо дасташ ба тарафи ману Носиров ишора намуд, ки аз дафтари корӣ бароем.
Моро ба ҷуз итоат роҳи дигар намонд. Чун мо ҳарду пушти дар баромадем Носиров тамоку даргиронда онро ба лабаш бурд ва дар роҳрав як дасташ дар кисса ва дасти дигараш бо тамокуи дар лабаш ҳамоил буда бовиқор ба пешу пас қадам ниҳодан гирифт.
– Ба фикрам полковник аз худат ҳам чандон боварӣ надорад ба тарафи ӯ нигариста гуфтам ман.
– Аз куҷо фаҳмидед?
– Аз ҳамин интизориҳои пушти дарат.
– Шояд ӯро ягон гапи муҳимест.
– Намедонам, вале ба шумо маълум бод, ки ҳатто дар замони ҷанг ҳам командир ҳангоми бо телефон гап задан аскарашро пушти дари блиндаж интизор шав намегуфт.
– Намедонам, ман дар замони ҷанг таваллуд нашуда будам.
– Ман ҳам.
– Пас аз куҷо медонед, ки командир аскарро пушти дари блиндаж интизор шав намегуфт.
– Аз ёддоштҳои аскарону афсарон, аз кинофилмҳо.
– Ва ба ҳамаи он сафсатаҳо бовар намудед.
– Албатта.
– Вале ман боварӣ надорам.
– Чӣ хел?
– Командир, командир аст ва ӯ бояд мақоми худ бидонад.
Агар ман ҳам ягон рӯз чун полковник Шукрихудоев соҳиби мансаб шавам, айнан чунин рафтор мекунам.
– Ҳоло шумо ҷавонед ва аҷаб нест, ки ягон рӯз ба зинаҳои баланди ин мақомот набароед.
– Ташаккур!

пешина
аз 515
навбатӣ