Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вазъи ба амал омада тақозо мекард, ки ҳатто аъзоёни гурӯҳи фаврӣ – тафтишотӣ ақалан як рӯз Беназирро бо ҳама асрорҳояш ба гӯшаи фаромӯшӣ диҳанд. Кор қариб, ки дар ҳама ҳуҷраҳои ошиёнаи дуюми бино ҷӯш мезад. Полковник Шукрихудоев ситоди худро дар дафтари кории собиқ муовини сардори ШКД Масрури Мӯсо (ё худ Оташак), ки баъди ба дигар ноҳия рафтан то кунун штати ӯ вакант буд, муҷҷаҳаз гардонида буд.
Шербачаҳояш ҳар кадоме дар алоҳидагӣ кору бори ин ё он ваколатдори фавриро дида дар маълумотномаи худ камбудиҳои ҷойдоштаро дарҷ намуда, сипас ваколатдори бечораро ба «ситод» ба назди шефашон мебурданд ва то андозае, ки имкон буд аз зери нохуни он бечора чирку зардоб мекофтанд, то худро дар назди калон нишон диҳанд ва баҳри пешравии минбаъдаи худ ба зинаҳои боло роҳ кушоянд. Намедонам ин гурӯҳро ки ёфта гирифта буд. Ба фикрам агар ба онҳо овардани салларо фармоиш дода бошанд ҳар кадомашон тайёр буд, ки салларо дар якҷоягӣ бо каллаи мо бечорагон ба назди сардори ситод баранд…
Нафаре, ки фаъолияти кории бандаро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дод Хайриддин ном дошта насабаш Носиров буд. Ҳарчанд ӯро саводи кофӣ ҳам набуд, вале гарду чанги ҳуҷҷатҳои бандаро то ба фалак хезонд ва қарибиҳои шом маро бо ҳама ҳуҷҷатҳо рост ба ситод бурд. Ба сардори ситод бандаро тарзе муаррифӣ намуд, ки аскари шуравӣ дар солҳои ҷанг аскари асирафтодаи немисро ба командираш муаррифӣ мекард, яъне фашисти тапа тайёр…
– Худаш чӣ гап рафиқ майор? – айнакҳояшро аз чашм гирифта сар аз болои дафтари аъмоли банда, ки лаҳзае пеш лейтенанти калони милиса Носиров наздаш гузошта буд бардошта гуфт Шукрихудоев.
– Ҳамааш дар ҳамон ҷо,– ба тарафи коғазҳои дар пешаш буда ишора намуда гуфтам ман.
– Ба фикрам бисёр маҳмадоно менамоӣ, – гӯён сардори ситод дуюмбора айнакҳояшро ба чашм гузошта, ба қироати маълумотномаи тартибдодаи шогирдаш пардохт. Аз овози бурою ҷарангосии ӯ он маълумотномаи сар то по рангин боз ҳам рангинтар гашт ва акнун қариб монда буд, ки фашистро ба қатл ҳукм созанд...

пешина
аз 515
навбатӣ