Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Майлаш ман худи ҳозир аз шеф рухсат гирифта меоям.
– Шуморо интизор мешавам гуфтам ман ва чун Фурӯғ дар он тараф гӯшаки телефонро гузошт, банда низ он гӯшаки қариб даҳ дақиқа дар дастам бударо ба ҷоям мондам.
Дар вақти таъиншуда автобус ба роҳ баромад. Роҳбалади асосии мо Наврӯз Умар буд ва қариб аз шаш як ҳиссаи ҳайати шахсӣ нияти ба ҷанозаи Беназир рафтан доштанд. Аз прокуратура танҳо Фурӯғи Шариф бо мо ҳамроҳ шуд ва ӯ акнун паҳлӯи котибаи ШКД Ирина Сергеевна менишаст. Ба ҷуз онҳо боз ду се зани дигар низ, ки дар бахшҳои гуногуни ШКД кор мекарданд баҳри видоъ бо марҳум ба автобус нишастанд.
Баъди як соат мо ба Чанор расидем. Мардумони зиёде он ҷо буданд. Дар байни он мардум мо Воҳид Камол ва муовинонашро низ бидидем, ки сари субҳ ба он ҷо рафта буданд ва акнун ҳар кадоми онҳо чун мардуми Чанор мизбон буданд.
Оҳҳу фиғони аҳли байти Беназир то ба фалак печида буд, вале гӯши фалак кар буду кар...
Ним соат пеш аз хондани намози пешин тобутро аз хонадони волидайни Беназир бароварданд. Баҳри Беназир «гаҳвораи ноз» баста буданд. Баъди хондани намози ҷаноза қариб, ки ҳамаи мо ҳамкорон аз қафои тобут то сари гӯр рафтем. Ҳамаро бо чашми тар ва дили пурдард дидам. Касе нагуфт, ки Беназир ин тур буд ё он тур. Ҳама дар маргаш мотам гирифта буданд.
Шояд ҳама ӯро фаришта мепиндоштанд ё кӣ медонад, вале баъди вохӯрӣ бо Анор андешаҳои банда низ нисбат ба вай коста шуда буд...
... 7 ...

Субҳи рӯзи дигари баъди ҷаноза кори мо аз коғазбозӣ сар
шуд. Ҳамаи инро сабаб ташрифи муовини сардори раёсати
шаҳрӣ полковники милиса Шукрихудоев ва ҳамроҳонаш гашта
буд. Комиссияи босалоҳият, ки дар ҳақиқат аз кадом самт
ҳуҷум карданро медонистанд, бо ин амали худ нияти дар сари
соҳибхонаҳо чормағз шикастан доштанд. Ҳуҷуми ҳайати комиссия ва ба мудофиа бархостани ҳамкорон, аслан ба лонаи
гунҷишк ташриф овардани морро мемонд... Комиссия мехост, ки ҳамаро аз элак гузаронад, вале аксар кушиш ба харҷ медоданд, ки ба чашми санҷишгарон хок пошанд...

пешина
аз 515
навбатӣ