Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Дар асоси аризаи Мурод Эшонович онҳо ҷудо шуданд.
Мурод Эшонович ҳам ба шаҳри дигар кӯчида рафт.
Баъди таҳлил ва ҷустуҷӯйҳои зиёде ӯ фаҳмид, ки Беназир ҳамсабақ ва дугонаи Сулҳия будааст...
Ба ақидаи Анор сабабҳои аслии марги Беназирро дар ҳамин самт бояд ҷӯст. Пешхизмати тарабхонаи «Кайҳон» андешаи онро дорад, ки Беназир ин дафъа низ пеши пойи кадом оилаи соҳибдавлате чоҳ канда аст ва бо сабабҳои то кунун барои Анор номаълум худ сарозер ба он чоҳ рафтааст. Ба қавле хас каму ҷаҳон пок шудааст, чунки оҳи дили чандин занон назди Худои аза ва ҷалла мустаҷоб гардида...
Ҳатто аз нуқтаи назари мантиқ суханони Анор ба ҳақиқат наздиктар буданд ва далели ҳамаи гуфтаҳои ӯ ҳамон ду ҳазор доллари аз зери болини Беназир ёфтшуда буданд. Ҳарчанд дар ин бора ман сухане ба Анор нагуфтам, вале ин маънии онро надошт, ки ҳодисаи ёфтани он ду ҳазор долларро бо суханони пешхизмат қиёс накунам.
– Алло... Алло...
– Лабай.
– Чаро хомӯш шуда рафтед?
– Сари гуфтаҳои шумо андеша дорам.
– Гуфтам – ку шумо ягон чизро аз ман пинҳон карда истодаед.
– Ин танҳо андешаи хоси шумост.
– Агар ҳақ ба ҷониби ман набошад, пас чаро шумо сари гуфтаҳои ман ба андеша рафтед?
– Мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл.
– Исто ки шумо дар чӣ хаёлед?
– Мо дар хаёли чӣ тавр тезтар ба ҷаноза рафтан.
– Шумо меравед?
– Албатта. Шумо чӣ?
– Ман ҳам рафтан мехоҳам, вале боре ҳам дар он ҷо набудам.
– Ҳоло соат чанд?
– Нӯҳу сӣ дақиқа.
– Соати ёздаҳ аз пеши бинои милиса автобус ба роҳ мебарояд, агар рафтанӣ бошед бишитобед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор