Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Барои худат мумкин, вале ман наметавонам...
– Метавонӣ. Мо маҳз барои ҳамин ба осоишгоҳ омадаем ва на танҳо мо...
– Боз ягон нафари дигар ҳам аз Тоҷикистон ҳаст?
– Барои мо чӣ фарқ дорад. Кулли мардҳо ҳам ба осоишгоҳ танҳо барои он меоянд, ки то аз чоки пероҳани мо барин мурғони озод гул чинанд.
– Ба худат мумкин чунки ту озодӣ, вале ман...
– Содда будаӣ Анорҷон, о, мо ҳазорҳо фарсах аз Тоҷикистон дуртарем ва кӣ медонад, ману худат дар оғӯши кадом мард будем.
Нашъаи ҷавониро бошад чашидан лозим. Хайр, бирав сару либосатро ба тартиб биёр, ба фикрам баъди ним соат вақти тановули нисфирӯзӣ мешавад.
– Сад макр кунад шайтон шогирди занон бошад, – гуфт Анор ва қоил шуд, ки Беназир чӣ тавр вайро ба доми худ кашид ва сипас ӯро ба оғӯши ҷавоне, ки дар сину сол аз худаш хурдтар буд ҳаво дод.
Ҳама нағз буд агар пеш аз худи вай натиҷаи «корнамоиҳояш» ба Ватан намеомад ва пеш аз пой ба хоки диёр гузоштанаш он фитаро Мурод Эшонович тамошо намекард...
Чун Анор пой ба хоки диёр гузошт ҳатто котибаи Мурод Эшонович ҳам ба пешвозаш наомад. Ба ошёнаи дуюми фурудгоҳ баромаду Райҳона ӯро ба назди шавҳараш даромадан намонд.
Сипас, лифофаеро ба коғазпече ба дасташ дод ва ӯро гусел намуда гуфт, ки Мурод Эшонович дар маҷлис аст.
Анор ба кӯчаи Айнӣ омад ва чун вориди хона шуд лифофаро кушод, ки дар як саҳифаи калон ҳамагӣ ду калима навишта шуда буд, «Ҳайфи ту».
Ӯ хатти Мурод Эшоновичро шинохт, вале ҳеҷ нафаҳмид, ки шавҳарро чӣ мақсадест. Сипас, бо азоби худро ба даст гирифта, он коғазпечро кушод ва фитаи видеиоро дид. Ҳамоно фитаро ба видео гузошта чашм ба телевизори ранга дӯхт...
Худоё он чӣ ки дид ба ақл рост намеомад. Ӯ худ урён, миёни бозувони ҷавоне, ки дар ин чанд рӯз дар Евоптория ҳамроҳаш буд. Ҳамоно назди тиреза рафт ва хост худро ба поён партояд, вале ҷонаш ширинӣ кард…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор