Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ман аллакай ҳамаашро ба худат гуфтам. Наход бовар накунед, ки ...
Мавҷи хаёлоти банда дар атрофи гуфтаҳои Беназир дубора лапиш хӯрд ва бандаро боз ба он соҳили баҳр партофт.
– Ана ҳамон духтарак ҳамшаҳриятон, ҳангоми аз оббозӣ баргаштан Беназирро, ки дар яке аз курсиҳои беруни бинои осоишгоҳ танҳо нишаста рӯзномаеро мутоила менамудааст нишон дода гуфтааст маъмури осоишгоҳ, ки дар ин ду шабонарӯз бо Анор шинос шуда будааст.
– Наход.
– Бешӯхӣ мегӯям, агар хоҳед ман ӯро ҷеғ занам.
– Не, лозим нест, ман худам,– гӯён Анор ба саҳни ҳавлии осоишгоҳ баромада, ба тарафи он духтараки танҳо ҳаракат намудааст. Чун ба пеши он духтарак расидааст, дидааст, ки ӯ саргарми мутоилаи рӯзномаи дар дасташ буда аст.
– Салом гӯён ӯ худ аввалин шуда овоз рушан намудааст ва он духтаракро, ки дар сину сол нисбати худаш ду – се сол ҷавонтар буда аз байни андешаҳояш берун оварда.
– Чӣ шумо ҳам тоҷикед? – аз ҷой бархеста бо тамоми расму русуми тоҷикона бо ӯ вохӯрӣ намудааст.
– Ман Анор, ду шабонарӯз инҷоям.
– Номи ман Беназир соате пештар ба ин ҷо омадам.
Маъмур гуфт, ки як ҳамшаҳрият ҳамин ҷо, барои ҳамин ҳам ин ҷо нишаста роҳи омади ӯро нигаронам...
– Хайр чӣ нишастаӣ биё рафтем.
– Ба куҷо?
– Ба назди маъмур. Бовари дорам, ки ту то кунун хона нагирифтаӣ.
– Хона гирифтам дар қабати дуюм рақами бисту ҳашт.
– Ман бошам дар қабати сеюм хонаи сиву чор.
– Шумо танҳо.
– Дар айни вақт танҳо, вале шавҳарам ҳамин шабу рӯз бояд расида биёяд.
– Вале ман бошам мурғи озодам, эй кош...
– Кош чӣ?
– Кош ягон уқоби тезчанголе назараш ба ман афтад ва на танҳо ба ман...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор