Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Ба кадом хотир?
– Намедонам, вале дилам гувоҳӣ медиҳад.
– Ба фикрам шумо ба эҳсосот дода шудаед.
– Маро ягон асосе барои ба эҳсосот роҳ додан нест, вале ман нағз медонам, ки майори милиса Акбар Ҳакимович Абдумаҷидов ба чӣ кор қодир аст. Агар барои донистани шахс бо ӯ як пуд намакро бо ҳам дидан лозим бошад, банда дар ин ду сол ду пуд намакро бо шумо дидаам. Оё беҳтар нест, ки косаро аз болои нимкоса бардоред.
– Наход шумо гумон намоед, ки...
– Агар хоҳед ман худам ба милиса меоям, вале ташкилиаш ба зиммаи шумо меафтад ва агар ба прокуратура ташриф биёред, мо дар якҷоягӣ ташрифи дишабаи шуморо ба «Кайҳон»
таҳлил хохем кард..
Ба ростӣ аз шунидани ин суханон вуҷуди бандаро як ҳаяҷони ногуворе фаро гирифт. Муфаттиш тарзе сухан гуфт, ки гӯё ҳар як қадами банда аз мадди назараш дур набудааст. Ҳаминаш намерасид, ки ӯ аз муносибатҳои дишабаи ману Анор хабардор шуда бошад. Ба замми ин ман намехостам нисбат ба Беназир гумонҳои бадро роҳ диҳам. Охир ба қавли Воҳид Камол дар тарозуи вақт обурӯйи милиса меистод. Ҳарчанд баъди шунидани суханони Анор банда гуфта наметавонистам, ки Беназир фаришта буд, вале...
Ҳарчӣ буд ё набуд, бад буд ё нек буд, ӯ ҳамкори мо буд ва чун ҳар яки мо нони милиса хӯрда буд ва ман ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам оварда наметавонистам, ки ӯ ба ин намакдон туф карда бошад.
Ман ҳатто ба ҳамаи суханони Анор эътироз намудам ва гуфтам, ки рафту агар Беназир як маротиба хатто намуда, ба чунин кори паст даст зада бошад, ин маънии онро надорад, ки баъди оғози фаъолияташ дар милиса рӯ ба чунин роҳ оварда бошад.
– Он чӣ ки ба шир дар бадан рафт.
– Яъне ки шумо ба ислоҳ шудани вай боварӣ надоред?
– Кӯзапӯштро танҳо хоки лаҳад рост мекунад.
– Ман намедонам дар ҳамин дили нозуки шумо ин қадар бадбинӣ чӣ хел ҷой гирифтааст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор