Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сулҳия ҳар як кори майдаеро баҳона карда, бо модари угай ҷанҷолу хархаша мебардошт. Кор то ҷойе расидааст, ки Мурод Эшонович баҳри пешгирии ҳодисаи нохуше ҳамсарашро ба хонаи нав, ба паҳлӯи ситораҳо бурда... Чун Анор бо Шаҳром ниҳоят унс гирифта будааст, ӯ Шаҳромро низ бо худ бурда, вале баъди ду рӯз Сулҳия аз макони нави модари угай хабардор шуда омада қиёмате ба по намудаву додарчаашро бо худ ба хонаи модараш бурдааст. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Мурод Эшонович Анорро ҳушдор сохтааст, ки албатта рӯзе мешаваду Сулҳия аз кирдорҳояш пушаймон мешавад ва онҳо ҳама дар якҷоягӣ умр ба сар мебаранд.
Соли дуюми хонадорӣ Мурод Эшонович як бегоҳ ба хонаи дар кӯчаи Айнӣ доштааш омада, ҳамсарашро огоҳ намудааст, ки ҳафтае пас ба Евпатория барои истироҳат мераванд. Ҳамагӣ як рӯз пеш аз парвоз Сулҳия касал мешавад. Чун ӯ модари угайро чашми дидан надоштааст, Мурод Эшонович барои ба Эвпотория танҳо рафтан ҳамсарро розӣ кунонидааст ва қавл додаст, ки баробари беҳтар шудани аҳволи Сулҳия худ низ ба он ҷо расида меояд.
Баъди ду рӯзи дар Евпотория будан тақдир ӯро бо духтараке бо номи Беназири Назир рӯ ба рӯ намудааст…
Занги телефон садо доду ман гӯшакро бардоштам.
– Салом ман Фурӯғи Шариф аз прокуратура, Аминам, ки дар «Кайҳон» шумо аз таваҷҷӯҳи онҳое, ки дидори марди танҳоро орзу мекунанд дур намондед.
– Афсӯс ки банда танҳо рафтам.
– Яъне, не чароғе, не гуле.
– Бале ва бояд иқрор шавам, ки не пари парвона дидам, не садои булбуле шунидам3.
– Ақалан муайян намудед, ки он чӣ занги телефонӣ буд?
– Афсӯс.
– Бовар намекунам.
– Чаро?
– Намедонам, вале дилам гувоҳӣ медиҳад, ки шумо рафиқ майор чизеро аз ман пинҳон карданиед.

пешина
аз 515
навбатӣ