Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пешхизмат онҳоро ба яке аз кабинаҳои алоҳидаи тарабхона бурд ва дар ҳамон ҷо Анор ба хулосае омад, ки Мурод Эшонович, ки ду умри вайро ёд дорад, бо ӯ сари кадом як масъалаи муҳиме суҳбат кардан мехоҳад. Соате пас дар ҳоле ки Мурод Эшонович аллакай ширамаст буд, дарди дилшро баҳри ӯ ифшо намуд. Маълум шуд, ки ӯ ҳамон рӯз дар кӯча вайро дида, аллакай нақшаи ба дом кашиданашро дар майнааш тарҳрезӣ намудааст. Ҳамаи инро сабаб он бурдааст, ки Анор бо худораҳматии ҳамсари вай ниҳоят монанд будааст. Баъди марги ҳамсараш ду сол гузашта бошад ҳам ӯ дар нияти хонадор шудан набудааст, вале он рӯз писарбачаи ҳафтсолааш Шаҳром, ки акнун нияти ба синфи як рафтан доштааст, дар ярмаркаи мактаббачагон Анорро дида гуфтааст:
– Дадаҷон, ана ҳамон холаам ба очаам монанд, намешавад ӯро ба хонаи худамон барем...
Дар ҳамон ҷо Мурод Эшонович дасти Шаҳромро ба дасти ронандааш дода, худ аз қафои ҳамин духтар шудааст. Дар се моҳи охир Шаҳром ҳаррӯз мепурсидааст, ки дадаҷон ту кай ҳамон холаро ёфта ба хона меорӣ. Дар ин муддат Мурод Эшонович ҳатто расми Анорро низ тариқи як аксбардори шиносаш дар паҳлӯи тайёра гирифта ба хона бурдааст то назари фарзандони худро дар ин бора бифаҳмад. Дар ҳамон вақт низ духтари калонии Мурод Эшонович, ки донишҷӯйи донишгоҳи омӯзгории пойтахт будааст, зидди хонадоршавии падараш баромадааст, вале талабу дархости хоҳари дувоздаҳсолааш Сафия ва додарчаи ҳафтсолааш Шаҳромро дида ба хонадоршавии падараш розигӣ додаст.
Моҳе пас Мурод Эшонович Анорро бо расму русуми мусулмонӣ никоҳ карда, ба хонааш бурдааст. Ҳарчанд Шаҳро-му Сафия ба модари угаи дил бастанд, ҳамон қадар Сулҳия – духтари калонии Мурод Эшонович модари угайро бад дидааст.
Баъди тӯй Анор бо авиатсияи калон худоҳофизӣ намудааст. Бо ҳамин аҳвол соле сипарӣ гардид. Чун ситораи духтари калонӣ бо ҳамсараш рост наомадааст Мурод Эшонович дар қабати нуҳуми бинои нуҳошёнаи кӯчаи Айнӣ хонаи сеҳуҷрадорро бо тамоми таҷҳизоти кунуниаш харида, ба номи ҳамсараш гузаронидааст, бехабар аз он ки бо ин амали худ ғазаби духтари калониашро дучанд мекунад.

пешина
аз 515
навбатӣ