Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Марҳамат ба сари миз гузаред, – гуфт Мурод Эшонович, ки гоҳ – гоҳ чун дузд ба сӯяш наззора мекард.
Анор дилу бедилон аз ҷой бархест. Мурод Эшонович ҳам.
Соате онҳо сари ҳамин як пиёла чой суҳбат намуданд. Аҷибаш он буд, ки касе дар ҳамин муддат суҳбати онҳоро халалдор накард. Анор ҳамон лаҳза дарк намуд, ки Мурод Эшонович нисбат ба вай бе тавофут нест ва ҳамаи ин дилбастагии марди панҷоҳсоларо ӯ қариб, ки фаҳмида натавонист. Маҳз бо кумаку дастгирии ҳамин мард ӯ баъди ду ҳафта ҳамчун стюардесса дар тайёраи ТУ– 154 ба кори худ оғоз намуд. Баъди парвози аввалин котибаи Мурод Эшонович, Райҳона баҳраш аз номи хуҷаин гулдастае овард...
Тахминан баъди се моҳи кор дар системаи авиатсияи гражданӣ, баъди бозгашти навбатӣ аз Одесса, Райҳона ӯро ба назди Мурод Эшонович хонд.
– Хуш Анорҷон, парвозҳо чӣ хел?
– Бад не. Ба ростӣ ман намефаҳмам, ки чӣ тавр ин некиҳои шуморо гардонам,– гуфт ӯ ва ҳис намуд, ки аз гуфтани ҳамин сухан рухсораҳояш арғувонӣ шуданд.
– Банда як хоҳише доштам, – гуфт Мурод Эшонович.
– Чӣ хоҳиш?
– Ҳамин бегоҳ ман ба меҳмонӣ даъват шудаам ва мехостам, ки шумо маро ҳамроҳӣ мекардед.
– Ман? – ҳайрон шуда пурсид Анор.
– Ҳа, шумо, агар рафтан нахоҳед, ман маҷбур намекунам.
– Не, чаро? Ман гуфтам– ку аз шумо то қиёмат қарздорам.
– Набошад соати 19 ман шуморо дар назди меҳмонхонаи «Авесто» интизор мешавам.
Чун ҳар як зан Анор қадру манзалати худ медонист ва ҳамагӣ ду дақиқа пеш аз вақти таъиншуда ба ҷойи вохӯрӣ ҳозир шуда, Мурод Эшоновичро дид, ки чашм дар роҳи ӯст.
Онҳо вориди тарабхона шуданд ва чанд нафаре ба истиқболи Мурод Эшонович қадам гузошта, ӯ ва хонуми ҳамроҳашро гарм истиқбол намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор