Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

…Боре дар кӯча як марди ба қавле низомипӯш нисбат ба вай таваҷҷӯҳ зоҳир намуду вайро бо идораи авиатсияи гражданӣ ба кор даъват намуд. Рӯзи дигараш ӯ дилу бедилон ба ҳамон рақами телефони додаи он мард занг зад ва номи худ бигуфт.
– Ҳа, Анорҷон ба кадом хулоса омадӣ,– пурсид мусоҳиби дирӯзааш.
– Ман розиям.
– Ин тавр бошад, рӯзи сешанбе ба фурудгоҳ биё ва бо ҳамин телефон занг зан,– гуфт мусоҳибаш ва гӯшакро ба ҷояш гузошт.
Он рӯз шанбе буд ва се рӯзи интизорӣ барояш аз қарн ҳам дарозтар намуд. Субҳи рӯзи сешанбе боз занг зад ва овози он шиноси сарироҳиашро шунид.
– Худи ҳозир ба фурудгоҳ биё.
– Соате пас ӯ дар фурудгоҳ ҳозир шуд ва ӯ боз бо ҳамон рақами телефон занг зад.
Баъди панҷ дақиқа духтараке паҳлӯяш рост шуд ва номашро пурсид.
– Анор.
– Рафтем,– гуфт ҳамон духтараке, ки ҳамсину соли худаш буд.
– Ба куҷо?
– Ба назди Мурод Эшонович.
– Чун ӯ аз забони ҳамон духтарак номи шиноси худро шунид, дилаш каме осуда шуд ва аз қафои ӯ ба ошёнаи дуюми бинои фурудгоҳ рафт.
– Духтарак аввал дари калонеро кушода аз омадани ӯ ба соҳиби он дафтари корӣ хабар дод ва сипас ӯро ба даромадан таклиф намуд. Дар кабинети калоне он мард паси мизе, болои курсии мулоими чархзананда менишаст.
– Марҳамат гузаред,– гуфт он мард ва ба ҳамон духтараке, ки ҳанӯз пушти дар рост меистод хитоб кард, ки барои меҳмон як чой биёрад.
– Не, ман наменӯшам, ташвиш накашед,– гуфт Анор, вале он духтарак аз пайи кори худ рафт ва баъди панҷ дақиқа лаълӣ дар даст вориди дафтари кории Мурод Эшонович гашта, болои мизи хурдакакро, ки дар паҳлӯи тиреза монда шуда буд, аз анвоҳҳои гуногуни хӯрокворӣ оро дод ва ба тарафи ӯ нимнигоҳе намуда, ба сӯйи дар рафт.

пешина
аз 515
навбатӣ