Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Имшаб ӯ на танҳо оғӯши худ баҳри ман кушод, балки асрореро баҳрам рушан сохт, ки аз шунидани он мӯйи баданам рост шуд...
Вале ин ҳам анҷоми кор набуд...
... 6 ...
Баробари ба кор омадан Наврӯз Умар бандаро ба наздаш хонда аз натиҷаи сафарам ба тарабхонаи «Кайҳон» пурсон шуд. Гуфтам, ки ҳеҷ дастоварде надорам. Дигар чӣ ҳам мегуфтам? Ҳар он чӣ ки аз забони Анор шунидам санҷиши мукамалеро талаб мекард. Ман бошам намехостам, ки пеш аз пода чанг андохта, номи Беназирро доғдор намоям. Дишаб ман ба ягон сухани Анор бовар накардам ва гумон намудам, ки ӯро каси дигар роҳбар асту мехоҳад моро ба роҳи каҷ ҳидоят намояд, вале сари субҳ, вақте ки ман аз ҳаммом баромадам дар болои мизе, ки соҳибхона дастурхон андохта буд, ду – се расми дигар ҳам меистод. Чун ман онҳоро ба даст гирифтам, расми Анорро ҳамроҳи Беназир дидам ва на як расмро...
Анор пеш аз оғози суҳбаташ гуфт медонад, ки ман милисаам ва дар куҷо кор мекунам. Фақат ӯ нагуфт, ки сарчашмаи ин маълумоташ кист. Ӯ шахсеро мемонд, ки аз нӯшидани шир сӯхтаасту акнун дӯғро пуф – пуф карда менӯшад. Не, ба ростӣ ман то кунун ба ягон суханаш бовар надорам, вале чӣ илоҷ, ки барои рад намудани он суханон ҳам маро далеле дар даст нест.
Дар зери яке аз он расмҳои ин субҳ дидаам, Анор ва Беназир дар ҳолати қариб нимурён дар лаби баҳр аксбардорӣ шуда…Дар поёни акс «Ёвпатория» навишта шуда буд.
«Кӯза на ҳамеша аз лаби об бе осеб бармегардад» гуфтани Анор то кунун дар гӯшам садо медоду садо, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ман он асрорро аз сардори бахш пинҳон намудам.
Аз рӯйи гуфти пешхизмати тарабхонаи «Кайҳон» шиносоии вай бо Беназир таърихи дусола дорад, таърихе, ки то қиёмат дар хотири Анор нақш бастааст ва зудуда нахоҳад шуд. Бояд гуфт, ки замоне бахт ба рӯйи Анор хандид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор