Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пероҳани гулобӣ дар зери нурҳои чароғаки барқӣ гӯё мавҷ мезад.
– Чӣ хел пероҳани зебо.
– Ба шумо маъқул аст?
– Гуфтам – ку ниҳоят пероҳани зебо ва ба шумо зебанда.
– Ташаккур! Исто, ки ягон таом тайёр намоям.
– Шумо худ шоҳид, ки ман гурусна нестам.
– Майлаш ман ҳозир гӯён соҳибхона аз дар баромад ва баъди муддате болои лаълии шаффофи миёнае ду қадаҳ бардошта омад.
– Ин чӣ?
– Май, майи ноб...
– Чӣ илоҷ гӯён баҳри сухани соҳибхонаро нашикастан ман яке он қадаҳоро ба даст гирифтам…
– Миннатпазирам,– гӯён қадаҳи дигарро худи Анор ба дасти росташ гирифта лаълии дар дасти чапаш бударо болои мизи на чандон калоне, ки дар байни меҳмонхона дар иҳотаи чор курсии мулоими чармине меистод гузошт ва худ рӯ ба рӯйи ман рост шуда қадаҳашро ба тарафи қадаҳи дар дасти ман буда оварда гуфт:
– Хуш омадед.
– Барои ту,– гӯён ман он қадаҳ ба лаб бурдам, вале онро то охираш нанӯшидам.
– Барои мо, ки имшаб якҷоем,– гӯён соҳибхона ҳам он ҷуръаи дар қадаҳ бударо ду ним кард.
– Ман як чизро фаҳмидан мехостам.
– Гап занед.
– Ман донистан мехоҳам, ки оё ту дар ҳақиқат Беназирро намешиносӣ?
– Ҳоло вақти ин гапҳо не гӯён Анор қадаҳи худро дуюмбора ба лаб бурд ва ба сӯйи ман ҳам ишора намуд, ки қадаҳи худ холӣ созам.
– Сухани соҳибхона нашикастам.
– Биё рафтем,– гӯён Анор аз дасти ман бигирифту маро ба хонаи шафат бурд.

пешина
аз 515
навбатӣ