Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Дар ҳамин роҳрав истодан мегирем? – боз риштаи суханро ба дигар тараф бурд соҳибхона.
– Ин ҳамааш ба худат вобаста аст ва агар туро ҳамин роҳрав маъқул бошад...
– Марҳамат, ба меҳмонхона гузаред,– гӯён Анор дари аввалинро аз тарафи чап бикушод ва аз санҷаи дар тугмачаи барқро пахш намуд. Чун хона мунаввар гардид, соҳибхона баҳри гузаштани банда роҳро кушода гуфт:
– Марҳамат, шумо гузаред, ман ҳозир меоям ва худ аз ҳамон санҷаи дар қафо гашта, дари хонаи шафатро кушода вориди он шуд.
Ман пой бар остонаи меҳмонхона гузоштам. Ҷевону мебелҳои хориҷӣ ба меҳмонхона як шукӯҳу шаҳомате медоданд.
Ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам овардан душвор буд, ки ҳамаи ин моли шахсии кадом як пешхизматзане ҳаст, вале ин ҳам ҳанӯз анҷоми кор набуд. Дар ду ҷевони китобгирии хориҷие, ки андозаи ҳар кадоме якуним бар ду метр буд, беҳтарин осори мукамали адибони бузурги дунё гирд оварда шуда буд, ки шумораи баъзе аз онҳо, ки мероси як адиб буд, аз як то сивушаш ҷилдро ташкил медод. Худи як номи муаллифон басанда буд, ки кас ба он осори нодир дилбастагӣ пайдо намуда, ба гирдовардани он аҳсан гӯяд. Дар ҳақиқат чунинашро банда интизор набудам.
Дар болои яке аз ҳамин ҷевонҳо расми соҳибхона бо ли-боси ранги осмонӣ дошта, болои зинаҳои ҳаракаткунанда пеши дари ҳавопаймои ТУ– 154, ки дар ҳолати алвонҷ додани да-сташ аксбардорӣ шуда буд, чаҳорчӯбаи калони зарҳалинеро оро медод.
Суратгир дар вақти аксбардорӣ маҳорати зиёде ни-шон дода, тайёра ва стюардесаро дар зери осмони нилгун дар ҳолате, ки пораи абри сафеде болои сари духтарак рост шуда, ӯро аз шуоҳои офтоб ҳифз кардан мехостааст, аксбардорӣ намуда буд.
Расм шояд таърихи на беш аз ду – се сола дошт ва агар чунин аст соҳиби расм дар ин муддат нисбат ба симои зоҳирии худ бетаваҷҷӯҳи зоҳир намуда буд. Аз нигоҳи банда шояд ҳамин бетаваҷҷӯҳи ба фарбеҳшавии ҷавонзан сабаб гардида...
Дар ҳоле ки банда чашм аз ҳамон расм наканда будам соҳибхона овоз рушан кард ва ман ба тарафи дар баргашта, ӯро дар либоси ҳарири гулобӣ дидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор