Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Намешиносам, вале аз овози ӯ ман ҳис намудам, ки дурӯғ гуфт... «Чаро? Ба кадом?» – хотир нидо омад аз қалбам. Вале ин ҳама дар айни вақт бароям муаммо буд.
– Чӣ магар шабро дар зери ҳамин дарахтони кӯча рӯз мекунем,– ниҳоят овоз рушан кард Анор.
– Агар хоҳӣ биё ба ягон меҳмонхона равем.
– Ман вазъи худатро мефаҳмам.
– Гуфтам – ку ман мурғи озод нестам.
– Дар ёдам ҳаст ва афсӯс мехӯрам, ки қобилияти шикастани қафасу озод намудани худатро надорам, вале қобилияти пурраи он мурғи гурезаро ба қафаси худ бурдан дорам.
– Бифармоянд!
– Ана дар ҳамон бинои нӯҳошёнаи рӯ ба рӯ дар ҳамсоягӣ бо ситораҳо банда зиндагӣ дорам. Огоҳ мекунам, ки лифт кор намекунад. Хонаи рақами …
– Боке нест,– гӯён ман самти ҳаракати худро ба сӯйи бинои нӯҳошёна рост намудам. Анор боз ҳам тани худро ба ман ҷафстар намуд. Мо ҳарду зинаҳои зиёдеро паси сар намуда, оқибат ба майдончаи ошиёнаи нуҳум баромадем. Анор аз сумкачааш калидро бароварда дари фулодинро кушод ва худаш пой бар остона гузошта, чароғро фурӯзон кард. Сипас, ба табассуми зебое бандаро ба сӯяш ово намуд. Чун дари фулодинро пӯшид, дар роҳрав ҷисми худро ба тани банда наздик намуда, сарашро ба сандуқи синаам гузошт. Мо лаҳзае дар ҳамин ҳолат мондем. Анор дар чӣ фикру хаёл буд ман намедонистам, вале як чиз айён буд, ин ҳам бошад ӯ расми Беназирро шинохт...
– Бигӯ ки туро бо ӯ чӣ иртиботест,– сар аз қафаси синаам бардошта ба чашмонам нигариста пурсид Анор.
– Бо кӣ?
– Бо Беназир.
– Ту магар ӯро мешинохтӣ?
– Ман ин хел нагуфтам.
– Пас ин ҳама ташвиши туро сабаб чист?
– Ба фикрам ту ҳақиқати аслии корро нагуфтӣ.
– Ба пиндори худат он чӣ ҳақиқатест?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор