Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Худат гуфтӣ, ки баъди аз Руссия омадан, дар ягон ҷо кор намекунӣ.
– Инкор намекунам, чунки дар ин замона ёфтани ҷойи кор ҳам чандон осон нест. Эҳтимол вай ҳамкоратон бандаро дар биржаи меҳнат дида бошад, ё кӣ медонад...
– Намедонам, вай гуфт, ки шуморо дар бинои милисаи ноҳияи Гулистон дидааст.
– Аҷаб нест, чунки маро дар он ҷо духтараки шиносе буд, вале афсӯс ки умр ба вай вафо накард. Дар ҳақиқат ман гоҳ– гоҳ ба назди ӯ мерафтам.
– Агар хатто накунам ӯ дилдодаи шумо буд?
– Не, мо ҳамин хел шиноси қадрдон будем ва акнун ӯ нест.
– Ӯ чӣ касал шуд?
– Не. Ӯро дишаб дар наздикии манзили истиқоматиаш парониданд, шояд шумо ҳам хабар дошта бошед.
– Не, хабар надорам.
– Ӯ милиса буд, мефаҳмед қариб, ки ҳамсину соли шумо ва кадом худобехабаре вайро ҳадафи тири худ қарор дода.
– Шумо бошед баҳри фурӯ нишондани оташи қалабатон ин бегоҳ ба тарабхона омадед, ё гапам нодуруст?
– Не, дуруст, чунки банда нисбат ба вай бе тавофут набудам.
– Маҳз ҳамин ҳолат сабаб гашт, ки шумо имшаб ҳатто ёди зану фарзанди худ накунед.
– Шуморо нафаҳмидам?
– Чияш нофаҳмо?
– Ҳамааш. Ба ростӣ Қайс ҳам нисбат ба Лайлӣ мисли шумо вафодор набудааст.
– Марги Беназир барои банда талафоти калонест.
– Чӣ Беназир?
– Ҳа, Беназир. Беназири Назир гӯён ман дасти ростамро, ки озод буд ба ҷайб бурда, аз кисаи чапам расми Беназирро берун оварда, ба дасти Анор додаму зери чароғи калони кӯча таваққуф намудам.
Анор лаҳзае ба он расм бе тавофут нигариста гуфт:

пешина
аз 515
навбатӣ