Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соати 2250 дақиқа ман бо пешхизмат ҳисобӣ намуда, аз тарабхона баромадам. Тайи ним соати дигар дар кӯча қадам зада ба қавле аз ҳавои тозаи шабона нафас гирифтам. Тайёрае боз ба само бархест ва ман то аз чашм нопадид шуданаш ба он нигаристам, баъд ба тарафи истгоҳ ҳаракат намудам…

... 5 ...

Кори хона ба бозор рост намеояд гуфтагӣ барин интизории банда низ каме тулонитар шуд. «Ба фикрам ӯ наомад» аз дил гузаронидам ман ва бори дигар ба ақрабаки калони соати фурудгоҳ чашм дӯхтам. Ақрабаки соат 2358 дақиқаро нишон медод ва ман инони ихтиёр аз даст дода, ба тарафи шимол қадам ниҳодам... Маълум, ки Анор бандаро фиреб кард. Бо ҳамин андешаҳои бароям на чандон гуворо ба тарафи чорроҳа, ки аз истгоҳ на бештар аз дусад қадам буд, ҳаракат намудам. Нохост касе дасташро зери дасти чапи ман халонида худашро паҳлӯям ҷафс намуда гуфт:
– Мебахшед, ки дер мондам.
– Ба ростӣ ман умедамро аз омаданат кандам,– ба тарафи ӯ ҳатто нимнигоҳе накарда, суръати ҳаракати худро каме сусттар намуда гуфтам ман.
– Гумон намудед, ки шуморо фиреб медиҳам.
– Қариб, ки ҳамин хел.
– Хуш, акнун ба куҷо меравем?
– Намедонам, шояд ба ягон меҳмонхона равем.
– Медонед ман чаро дер мондам?– риштаи суханро ба дигар тараф кашида гуфт Анор, ки ҷисми худро ба тани ман ҷафс намуда буд.
– Аз куҷо донам.
– Яке аз ҳамкоронамон бандаро бовар кунонид, ки аз ту канораҷӯӣ намоям.
– Мақсад?
– Вай гуфт, ки туро дар куҷое дидааст.
– Шояд дида бошад. Банда дар бисёр ҷойҳои шаҳр будам.

пешина
аз 515
навбатӣ