Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Вагарна чӣ?
– Вагарна он сухан аз забони банда берун нахоҳад омад.
Анор боз ба гирду атроф назар намуда, қадаҳро ба лаб бурд ва баъди пиёларо ба ҷояш гузоштан нигоҳи маънидоронаашро ба сӯям дӯхта гуфт:
– Хуш.
– Ба ман аслан занҳои беқошу бемижа ва занҳои чун саги сӯзанхӯрда харобу лоғар маъқул нест, акнун худатон қазоват намоед.
– Это что, предложение?
– Бале, ҳарчанд ман чун шумо мурғи озод нестам.
– Намедонам ба шумо чӣ хел фаҳмонам.
– Банда ба хулосаи неки шумо умед мебандам ва рафту дар ин ҷода андеша намудан хоҳед ман метавонам то анҷоми кори шумо интизор шавам.
– Тарабхона соати бисту се баста мешавад. Баъди ин ман боз нимсоат ин ҷо мемонам, то ҳисобу китобро ба роҳбарият баробар намоям.
– Боке нест.
– Оё беҳтар нест, ки соати 2330 то 2340 дақиқа маро дар истгоҳи тарафи муқобил интизор шавед.
– Бисёр хуб.
– Набошад дигар сари ин масъала бар намегардем. Бе ин ҳам мо ба фикрам аз ҳад гузаронидем.
– Майлаш.
– Набошад суҳбат боқӣ,– гӯён Анор аз ҷой бархест...
Дар ҳоле, ки ман аз нав сари андешаҳои худ нияти баргаштан доштам Рухшод ва Фирӯза баргаштанд. Фирӯзаро дида дуюмбора суханони Анорро беихтиёр ба ёд овардам ва қариб буд, ки ханда ғалаба кунад. Дар ҳақиқат Фирӯза саги сӯзанхӯрдаро мемонд ва аҷаб набуд, ки Рухшод дар ҳамин лаҳзаҳо орзуи рақс бо ҷавонзани фарбеҳтареро накарда бошад.
Ман акнун дар оғӯши кӯҳдоман будам ва умед бар он бастам, ки то фатҳи қулла роҳ чандон дур нест. Намедонам аз чӣ бошад, ки дилам гувоҳӣ медод танҳо тариқи Анор ман метавонам парда аз рӯйи он асрори ниҳон бардорам. Ҳарчанд Анор ба ман маъқул набуд, аммо ба хотири кушодани асрори марги Беназир мебоист ман бо пешхизмат муросо менамудам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор