Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Бовар намекунӣ?
– Не.
– Чаро?
– Чунки ман сири худатро ошкор намудам.
– Кадом сирамро?
– Ман акнун фаҳмидам, ки ба ту кадом намуди занҳо маъқуланд.
– Хуш, кадом намуд?
– Ҳамон занҳое, ки на қош доранду на мижа ва дар рӯяшон нишонае аз хун ҳам дида намешавад.
– Боз чӣ?
– Боз шояд занҳои хароб ҳам писандатон бошад, вале ин гуноҳи шумо нест.
– Чӣ хел?
– Ба фикрам кулли мардоне, ки дар сину соли шумо ҳастанд, ҳаваси оғӯши зани мурчамиёнро мекунанд, чунки занҳояшон назокату нафосати солҳои арӯсиашонро гум намудаанд.
– Як суол мумкин - мӣ?
– Майлаш.
– Мехостам бифаҳмам, ки мардони ҷавон дар орзуи чӣ хел арӯсанд?
– Ба онҳо аслан занҳое маъқул, ки бағалпуркунак бошад, вале афсӯс ки ин хел нест ва аксари арӯсҳои ин замона саги сузанхӯрдаро мемонанд.
– Ҳарчанд ба мӯйи сарам сафедӣ дамида бошад ҳам, вале ин ҳанӯз нишонаи пирӣ нест ва мехостам бандаро аз рӯйхати ҷавонон дур напартоед.
– Қабул.
– Модоме ки чунин аст, ман низ чун ҳама ҷавонҳои дигар танҳо як орзу дорам.
– Чӣ хел орзу?
Ин даъфа ҳам ман боз ба ду қадаҳ май рехтам ва якеро пеши Анор гузоштам.
– Не, ман дигар наменӯшам. Беҳтар мешуд, ки ҳамон орзуятонро мегуфтед.
– Танҳо баъди нӯшиданатон вагарна...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор