Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он занҳои теғу табар ба даст гирифта гуфтанд, бигӯ.
Гуфт: – Ман мехоҳам зане маро сар бурад, ки аз ҳама безебтар аст.
Занон ҳама сари машварат нишастанд, вале ҳеҷ кас безебиро ба гардан нагирифт. Маҳз ҳамин ҳолат сабаб шуду он мард зинда монд.
Банда дар вазъи ҳамон марди ба ҷазира афтода қарор доштам ва баҳри ба ҳадафи худ расидан маҷбур будам, қади пасту ғафси Анорро чун савру санавбар бубинам...
Анор боз бо лаълии калоне сари миз ҳозир шуд ва назди он ду дилдода таом гузошт. Ин даъфа ӯ овардани барабирёнро низ аз хотир набароварда будааст. Чун барабирёнро дастҳо пеши бар наздам гузошт нигоҳамро дарёфту ба сӯям чашмаке зад ва боз бо овози баланд баҳри ҳар сеямон иштиҳои том орзу намуда аз пайи кораш рафт...
Ҷавон ба се қадаҳ шароб рехт ва якеро ба назди маҳбубааш гузошта дигареро ба тарафи банда дароз намуда гуфт:
– Акаҷон мебинам, ки танҳоед шояд бо мо ҳамроҳ шавед.
Ҳарчанд нӯшидан намехостам, вале сухани ӯро нашикастам ва қадаҳро аз дасташ гирифта номи худро гуфтам.
– Ман Рухшод ин кас арӯсшавандаам Фирӯза, агар зид набошед мо ҳафтаи оянда шуморо ба тӯямон даъват мекунем.
– Насиб гуфтам ман, ба барои навхонадорон ва муҳаббати онҳо қадаҳро то фарҷомаш аз лабам нагирифтам.
Чун созу наво ба авҷи аълояш расида буд Фирӯзаву Рухшод узр хоста ба саҳна барои рақс рафтанд. Гӯё ҳамин лаҳзаро Анор нигарон буд, ки аз дигар самт пушти сарам ҳозир шуда даст ба китфам гузошт. Ба ростӣ аввал ҳатто ба ёд ҳам наовардам, ки шахси даст ба китфам гузошта Анор аст, баданам вижжӣ карду гумон кардам оне, ки дар ду соати охир қаҳрамони асосии хотиротам гашта буд, пушти сарам истодааст.
– Зиқ нашудед?
– Чӣ гӯям.
– Росташро.
– Ба ростӣ туро ёд кардам, Анорҷон.
– Наход?,– хандида гуфт Анор ва дар курсие рӯ ба рӯям нишаст.

пешина
аз 515
навбатӣ