Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Як дугонаам ҳаст блондинка, вале бағалпуркунак не,- гуфтани Анор ин барои собит намудани нуқтаи назараш ба нигоҳи аввалини банда, ки аз дидани анорҳои калон – калони пеши бараш нигоҳамро канда натавонистам ва акнун донистани мавқеъи банда дар ҳамин бора буд. Дар асл ӯро ҳаргиз чунин дугонае ҳам набуд.
Дар навбати худ ман ҳам ба ӯ фаҳмондам, ки чӯби қоқ агар шотенка ҳам бошад ба ман маъқул нест ва бо ҳамин фикри аввалаамро инкор намудам. Ӯ акнун итминони комил дошт, ки аз лаҳзаи аввали вохӯрӣ бо ман пайконеро бо навиштаҷоти муҳаббат дар дилам ҷо ба ҷо намудааст, бехабар аз он ки бандаро мақсаду мароми дигаре низ дар пеш аст...
Маро ҳам фаҳмидан лозим. Ҳарчанд Анор ба ман маъқул набуд, вале ба хотири Беназир ман мебоист ба дили вай роҳ ёбам. Занҳо дили бисёр нозуке доранд ва Худо накарда ошкоро камбудии онҳоро гуфта диҳӣ... Ба фикрам он зан то қиёмат худатро бад хоҳад дид. Ба ёд биёред ақалан қиссаи он марде, ки ба ҷазира афтодааст.
– Чӣ ба ёд оварда наметавонед?
– Набошад биёед он қиссаро нақл кунам.
Мардеро аз диёраш бадарға намуда, ба ҷазирае партофтанд. Чун мард худро дар ҷазира танҳо дид ба хотири дарёфти нишоне аз зиндагӣ ба разведка баромад. Баъди чанде дар як мавзеи ҷазира занони зиёдеро дид. Хурсанд шуд ва соате пас ба он мавзеъ рафт бехабар аз он ки он ҳама занон ҳам бадарға шудаанду дар ин кор мардонро гунаҳкор мекунанд. Бечора мард аз куҷо медонист, ки он занҳо қасам ёд кардаанд, ки агар марде ба дастамон афтад, ӯро зинда нахоҳем гузошт. Ва ин мард ба қавле худ ба истиқболи марг рафт...
Чун матлаби он занҳо бифаҳмид мӯйи баданаш рост шуд ва қариб, ки умедашро аз зиндагӣ биканд. Ба нохост ӯро фикре ба сар омаду гуфт:
– Майлаш, ман розӣ ки шумо қасами худро иҷро намоед.
Охир қасам қасам аст ва иҷрои он назди худованд воҷиб, вале ман як хоҳиш дорам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо