Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳарчанд банда оиларо муқаддас медонистаму нисбат ба ҳама кабутарҳои дубомаю себома нафрат доштам, вале вазъи кунунӣ ҳидоят мекард, ки худ аз ҳамин пайроҳа набароям. Албатта, ман метавонистам аз рӯйи ваколатҳои хизматиам амал намуда, дар ҳалли ин муаммо рушанӣ андозам, вале ин дар ҳолате даст медод, ақалан бо роҳи оперативӣ мо хабаре дар даст медоштем. Ба замми ин чунин амал метавонист боиси эҳтиёткории онҳое гардад, ки асрори марги Беназирро медонистанд.
Сарвари ШКД Воҳид Камол бошад аз ҳамаи мо эҳтиромона хоҳиш намуд, ки...
«– Ту гумон дорӣ, ки ба марги Беназир танҳо худат месӯзӣ?
– Намедонам.
– Ба ростӣ банда ҳам тамоми рӯз ҷойи нишаст намеёбам.
Ҳарчанд вайро надида будам...»
Ин ҳама суханҳои Наталя Василевна буданд, ки шаби гузашта дар ҳамин соатҳо дар бораи Беназир пурсон шуд.
Агар занги телефонии он зани ношинос ба муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф рост бошад, акнун ман дар зери он кӯҳе меистодам, ки асрори ниҳоне болои ӯст. Барои то ба он мавқеъ расидан бандаро лозим меомад, ки аз пайроҳаи борике бо эҳтиёт то ба рӯйи кӯҳ бароям. Чӣ тавр ба боло баромадану ба поён сарозер нарафтан ин аз донишу маҳорати худи кӯҳнавард, яъне ман вобастагӣ дошт. Дар айни вақт банда дар зери он кӯҳи азим ба умеди фатҳи қулла рост меистодам...
Суҳбатҳои то ба ин лаҳза доштаи ману пешхизмат танҳо ба хотири муайян намудани мавқеъи якдигар дар муносибатҳои минбаъдаамон буд. Пешхизмат ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам оварда наметавонист, ки бандаро чӣ ҳадафе дар пеш аст. Ӯ ба ҳамаи ин бо тафаккури занонаи худ нигоҳ мекард ва аҷаб набуд, ки бандаро марди булҳавас ҳам нахонда бошад. Ӯ худ бо ишорае ба ман фаҳмонд, ки мурғи озод аст ва банда низ ҳамин нуктаро ба инобат гирифтам...
Зане чун Анор, ки эҳтимол аксари шабҳо ними бистараш холист, аз лаҳзаи истиқболи банда нигоҳи чун харидори маро пай бурд ва фаҳмид, ки ман нисбат ба ӯ бе тавофут нестам.
Маҳз ҳамин ҳолатро ӯ дар суҳбатҳои на чандон тулонӣ доштаи мо ҳадафи асосии худ қарор дод. Сухан дар атрофи блондинкаю брюнетка ва шотенка ин ба хотири нигоҳ доштани мавқеъи якдигар буд.

пешина
аз 515
навбатӣ