Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Бландинка маъқул ё брюнетка.
– Чун Наталя Василевна бландинка буду худи Анор брюнетка гуфтам, ба ман аслан шотенка маъқул.
– Шотенка?
– Бале.
– Белобриси гӯй.
– Чӣ фарқ дорад.
– Не, чунинаш нест. Шотенка умуман дар шаҳри мо нест.
Ман ҳеҷ таъби шуморо фаҳмида натавонистам.
– Майлаш банда ба таъби шумо бовар мекунам, гӯед, ки чӣ хелашро пешниҳод намудан мехоҳед.
– Як дугонаам ҳаст бландинка, вале бағалпуркун не, маро мефаҳмед?
– Чӯби қоқ гӯед?
– Бале.
– Чӯби қоқ ба ман даркор не, ҳатто агар шотенка ҳам бошад.
– Аслан шумо мардҳоро фаҳмидан душвор,– оҳ кашида гуфт Анор.
– Андешаи мардҳо ҳам нисбат ба занҳо айнан чунин аст.
– Яку сифр ба фоидаи худат,– хандида гуфт Анор ва ба тарафи дари даромадгоҳ ҳаракат намуд.
Лаҳзае пас ӯ ду нафари дигарро низ, ки тахминан 20 – 22 сола буданд, ба қавле дошта, ба сари мизе овард, ки то кунун танҳо дар тасарруфи банда буд. Сипас, онҳоро низ хайра мақдам гуфта дархосташонро гирифта, ноайён ба тарафи ман чашмак заду боз ба сӯйи ошхона рафт.
Ба ростӣ аз чунин ранг гирифтани кор ғазабам дучанд шуд, вале замин сахт буду осмон баланд ва боз ин ду нафари сари курсии мо нишаста дар миёна. Не, ман аз онҳо хавфе ҳам надоштам, чунки шояд онҳо ҳам дилдода буданд ва аз нигоҳашон пай бурдан мумкин буд, ки зану шавҳар нестанд. Он ду нафар нисбат ба банда ҳатто таваҷҷӯҳе зоҳир накарданд ва гоҳ – гоҳ ҷавонзан ба гӯши он мард оҳиста чизе мегуфту ӯ сар меҷунбонд. Ҳаминаш басанда буд, ки ҳаракатҳои минбаъдаи худро дар мизони ақл баркашам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо