Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳар як бағалро пур мекард.
– Ҳоло вақти ин гапҳо не,– гуфт пешизмат.
– Банда метавонам ба анҷоми неки кор умед бандам,– ба чашмони вай нигариста гуфтам ман.
– Чаро не?– хандида гуфт ӯ ва боз аз пайи кораш рафт.
Бо хурӯшҳову шӯрбо ҳисобро баробар намуда будам, ки
Анор ин даъфа чун борони баҳорӣ болои сарам рост шуда гуфт:
– Баррабирёнро биёрам?
– Ҳоло не, вале ман мехостам, ки боз аз ин майи ноб ҷуръаеро бо ҳам бинем ва интизори суханони вай нашуда боз ба қадаҳо май рехтам ва яке аз қадаҳоро назди ӯ гузоштам.
– Оқибат шумо коре мекунед, ки бандаро аз ин ҷо пеш мекунанд, – эътироз намуда гуфт пешхизмат.
– Ҷуфт шавад беҳтар, дигар туро маҷбур намекунам.
– Оҳҳо, алакай ба ту гузаштед, – гӯён Анор он қадаҳро низ ба лаб бурд...
– Ана ин гапи дигар.
– Ягон гап шавад, ки ҷавобашро медиҳад?
– Чӣ гап мешудааст?
– О, гуфтам – ку, ман дар вақти хизмат, шумо бошед бандаро ба нӯшидан ҳидоят намудед, бехабар аз он ки ин кор ба роҳбарият хуш намеоед.
– Роҳбарият аз куҷо мефаҳмад, ки шумо каме нӯшидаед?
– Ҳамин шумо гуфтанатон ба ман он қадар хуш нест.
–Чӣ гӯям модоме, ки худро муаррифӣ накардаед.
– Инаш рост. Номи ман Акбар.
– Хайр номи ман ба худатон маълум.
– Номи зебо доред.
– Тарзе нигоҳ мекунед ки...
– Чӣ хел нигоҳ мекунам.
– Намедонам, вале нигоҳатон бе тамаъ нест.
– О, худатон гуфтед, ки ҳамааш мешавад.
– Гуфтам ва инкор ҳам намекунам.
– Барои ҳамин ҳам донистан мехостам...
– Ба шумо кадом намуди занҳо маъқул.
– Нафаҳмидам.

пешина
аз 515
навбатӣ