Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Оҳҳо, дилатон боз чизҳое намехостааст, ё гапам нодуруст?
– Не, дуруст.
– Ҳоло вақтам нест, баъд маслиҳат мекунем,– гуфт Анор ва аз пайи кораш рафт...
Ман боз танҳо дар иҳотаи андешаҳои худ мондам, вале...
Оркестр ба кори худ шурӯъ намуду гӯши фалак бидарид.
Мусиқии шарқу ғарбро бо ҳам омехта намуда, мусиқачиён қиёматро ба по хезонданд. Дар ҳавои ҳамин мусиқии ноҷӯру дилбазан чанд тан марду зане аз курсиҳои худ хеста ба рақс даромаданд.
Дар ҳамин лаҳза пешхизмат бо лаълии калоне наздам ҳозир шуд. Ба ҷуз шӯрбо ва хуришҳо ӯ дар сабӯе май ҳам оварда буд. Ҳарчанд банда нӯшиданро он қадар хуш ҳам надоштам, вале ба хотири кушодани асрори ниҳон сабуро ба даст гирифта, ба ду қадаҳ май рехтам ва якеро ба пеши пешхизмат гузошта, дигареро худ ба даст гирифтам.
– Ман ҳоло дар хизмат, нӯшида наметавонам, – гуфт пешхизмат.
– Агар шумо нанӯшед ман ҳам наменӯшам эътироз намудам ман ва қадаҳи дар дастам бударо болои миз гузоштам.
Анор як ба гирду атроф нигариста, дар як мижа задан моеъи ҷонбахшро ба гулӯяш рехта, ба қавле гардани шайтонро шикаст.
– Барои шумо гуфтам ман ва қадаҳи худро холӣ намуда, косаи шӯрборо пештар оварда, чумчаро ба даст гирифтам.
– Шояд ман равам?
– Вай масъала чӣ шуд?– дар навбати худ суол додам ман.
– Кадом масъала?– нигоҳашро гурезонида пурсид Анор.
– Аҷиб, ки аллакай фаромӯш намудед.
– Ҳа, акнун ба ёдам омад,– гуфт пешхизмат ба сӯям табассуме намуд.
Табассуме, ки ҳамааш пур аз асрор буд, табассуме, ки агар мор медид аз лонааш бурун мебаромад, ҳарчанд Анорро зани зебо гуфтан намешуд, вале ӯ зане, ки ба қавли мардҳо...
«Чаро муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифтӣ»,– шунидам боз нидои қалби худ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо