Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Бори дигар хуш омаданд ба тарабхонаи «Кайҳон», аминам, ки ба шумо писанд хоҳад омад ва ин ташриф оғози ҳама ташрифҳои дигаратон хоҳад гашт.
– Ба фикрам ҳамин хел мешавад – чӣ?,– гуфтам ман ва бо ҳидояти Анор ба тарафи толор ҳаракат намудам.
Мо ба гӯшаи дигари толор рафтем ва пешхизмат курсиеро аз паҳлӯи тиреза бароям нишон дод. Ҳарчанд ин мавқеъ аз дари даромадгоҳ ва бар дур буд, вале таклифи вайро пазируфта, ба курсие нишастам.
Ӯ номгӯйи хӯрокҳоро аз гӯшаи дигари миз гирифта наздам гузошт ва бо нимтаъзиме аз пешам дур шуд...
Чун мақсаду мароми банда ин рушани андохтан ба занги телефони зани ношинос ба муфаттиши прокуратура буд, таваҷҷӯҳам аз номгӯйи хӯрокҳо дида, ба худи аҳли толор бештар буд. Дар даҳ – понздаҳ дақиқае, ки Анор маро танҳо гузошт сари асрори ниҳони тарабхонаи мазкур хело майна об кардам, вале ба хулосаи аниқе омада натавонистам. Ман ҳатто намедонистам, ки аз кадом самт ба ҳуҷум гузарам. Дар ин муддат ҳамаи он пешхизматҳои паси мизе сари суҳбат қарор дошта, сари по рост шуда чун мурчагон дар талоши ризқу рӯзии худ ва тарабхона буданд. Дар ҳамин як муддати на чандон тӯлонӣ қариб аз се – ду ҳиссаи толори барҳаво аз меҳмонон пур шуд.
Чанд нафар аз мусиқачиён ҳам ҷойҳои худро дар минбар гирифта, нияти асбобҳояшонро ба кор омода намудан карданд.
Анор ҳам аз пеши дар чор нафарро оварда, ба мизи дигаре ҷо ба ҷо намуда, каме бо онҳо суҳбат кард ва шояд бандаро ба ёд овард, ки ба наздам омада, аз пешкисааш дафтару қаламе бароварда, омодаи дархости банда шуд.
Чун банда саргарми андешаҳои асосии худ будам, ӯ овоз рушан намуда гуфт:
– Хуш чӣ мефармоянд?
– Шӯрбо.
– Боз.
– Барабирён ва боз мебинем...
– Шароб ҳам биёрам?
– Дар танҳоӣ шароб нӯшиданро хуш надорам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо