Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Дар рӯ ба рӯйи дари ошхона саҳнаи калоне бо асбобҳои садодиҳанда муҷҷаҳаз гардонида шуда буд, вале то кунун ягон нафар ҳофиз ва ё навозанда дар он ҷо набуд.
Дар тарафи чапи дари даромадгоҳ бари зебое, ки витринашро намудҳои гуногуни нушокиҳои спиртӣ зеб медод, ҷойгир шуда буд. Маҳз дар ҳамин қисми тарабхона зиндагӣ маҷрои зеботаре дошт. Се ҷуфти муносибе болои курсиҳои баланду мулоими чархзананда пушт ба тарафи аҳли толор ва рӯйи ба тарафи витринаи зебо нишаста, қадаҳҳои дар даст доштаро бо тамоми санъат ба лаб мебурданд... Чун қадаҳ холӣ мешуд марди тахминан чилупанҷ панҷоҳсола паҳлавонҷӯсае, ки агар ба девор мушт занад девор чаппа мешуд, дастҳо пеши бар он қадаҳро аз нав лабрез мекард. Бо ҳамон ҷӯссаи бузург ӯ ҳарзамон ба он ҷавонони сархуш таъзим мекард...
– Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам,– ба ёд овардам мисраи Ҳофизи Шерозиро ва нигоҳи худ боз ба сӯйи толор духтам...
– Ба тарабхонаи «Кайҳон» хуш омаданд,– овоз рушан намуд пешхизмат, ки шояд тааҷҷуби бандаро ба тарафи бар ва он ҷавонони сархуш дида, лаҳзае ҳам бошад маро ба ҳоли худ гузошта буд.
– Салом,– гуфтам ман ки чунинашро интизор набудам.
– Салом,– бигуфт ҷавонзане, ки бандаро аллакай ба тарабхона хуш омадед гуфта буд.
Ӯ ҷавонзани бистуҳашт – сӣ солаи қадпасти фарбеҳе буд ё шояд аз фарбеҳӣ қади ӯ паст метофт, дар пеши бараш ном ва мақомаш бо ҳарфҳои хоно чун нишона баҳри мизоҷ навишта шуда буд: «Анор пешхизмат», вале ин ҳанӯз анҷоми кор набуд.
Анорҳои калон – калони пеши бари пешхизмат хамири расидаи аз карсон фурурехтаро мемонд. Ба ростӣ дили банда аз дидани ин манзара фишурда шуд ва агар худи пешхизмат дуюмбора овоз рушан намекард банда нигоҳамро аз пеши бари ӯ канда наметавонистам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо