Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Дар ҳамон лаҳзае, ки ман аз троллейбус пой бар замин гузоштам, мурғи фулодине бо садои гӯшкаркунандаи худ аз он тарафи бинои фурудгоҳ ба само бархест. Ҳарчанд масофаи байни мо на камтар аз сесад – панҷсад метр буд ва дар як мижа задан он ба чандин километр расид, вале садо ҳамон хел дилбазану гӯшхарош боқӣ монд...
Ман бо нигоҳи худ аввал он парандаи азимҷӯсаро то аз назар пинҳон шуданаш дар фазои беканор гусел намудам. Дар ҳамон лаҳзаҳо фикре ба сарам омад, фикре, ки боиси андешаҳои минбаъдаам гашт, рафту...
Рафту он мурғи фулодини лаҳзае пеш аз замин бархеста ҳама он асрори ниҳоне, ки банда баҳри кушоданаш омадаам бо худ бурда бошад.
– Чаро не?
– Аз шунидани садои қалби худ вуҷудам биларзид, вале замин сахт буду осмон баланд ва он мурғи фулодин дар миёна ҳазорҳо фарсах аз ман дур...
Ҳамаи асрорҳои ҷаҳон дар шаб рӯйи саҳна меоянд гуфта, як рӯзи дарозро ба умеди фарорасии шаб беҳуда сипарӣ намуда, ҳатто ба гӯшаи хотир наовардам, ки кори шаб хандаи рӯз гуфтаанд.
Аз ба ёд овардани чунин андеша вуҷудам биларзид. Гумон намудам, ки он мурғи фулодини ба само бархоста ҳама асрори ниҳонро бо худ ба дуриҳои дур бурд.
«Барвақттар омадан лозим буд».– Нидои аз дилам бархоста болои сӯхта намакоб шуд, вале худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ гуфтани мардумро ба ёд оварда, ба қавле ба тақдир тан додам. Бо фарорасии шом пой ба остонаи тарабхонаи «Кайҳон»
гузоштам. Тарабхона озодаю барҳаво буд ва шояд ягона бартариаш аз дигар тарабхонаҳо ҳамин номаш бошад. Баробари ворид шудан дар як нигоҳ онро аз назар гузарони-дам. Дар ду – се ҷойи толори барҳаво чанд нафаре машғули таомхӯрӣ буданд.
Дар наздикии даре, ки толорро аз ошхона ҷудо мекард се – чор нафар пешхизматҳо аз бекорӣ сари суҳбат нишаста, омадани меҳмонҳоро интизорӣ доштанд ва баробари дар остона пайдо шудани банда яке аз онҳо аз ҷой бархест...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо