Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Медонам ва агар боварӣ намедоштем ҳаргиз шуморо ба ҳайати гурӯҳи фаврӣ – тафтишотӣ шомил намекардем. Акнун ҳамаи умедамон ба шумо. Афсӯс, ки мо дар тарабхонаи «Кайҳон» чашму гӯши худро надорем, вале ба донишу маҳорати касбии шумо Акбар Ҳакимович умед мебандем. Бубин, ҳатто муфаттиши прокуратура низ рози аввалини тафтишотро ба шумо бовар намудааст. Умед бар он мебандем, ки нафаре ҳам аз «Кайҳон» рози дили худро ба шумо арзонӣ хоҳад дошт.
– Аз он чӣ ки мо дар «Кайҳон» чашму гӯши худро надорем, ин маънии онро надорад, ки мо умедамонро аз анҷоми неки кор барканем, ҳарчанд тарабхонаи мазкур дар тобеи ноҳияи мо нест ва моро низ бо он иртиботе нест, вале ба хотири рӯҳи Беназир ман кӯшиш мекунам.
– Ба шумо барори кор,– гуфт Наврӯз Умар ва ман аз ҷой бархестам...
... 4 ...

Соате пеш аз шом ман расми Беназирро ки дирӯз аз ғаладони мизи кориаш ёфта буданду бо амри сарвари ШКД онро нусхабардорӣ намудам, ба ҷайб андохта аз бинои милиса баромадам. Дар пушти расм таърихи аксбардории он низ навишта шуда буд. 21. 01...
Чун тарабхона дар наздикии фурудгоҳ воқеъ гардида буд, зарурияте барои ба таксӣ нишастан набуд. Азбаски дар ин бегоҳирӯзӣ бандаро дигар коре ҳам набуд ва пеш аз шом ҳам ба тарабхона расидан маъние надошт, чунки банда дар он ақида будам, ки тамоми асрорҳои ҷаҳон шаб рӯй саҳна меоянд. Аз ин рӯ ман аввал ба автобус ва сипас боз ба троллейбусе нишаста, бо фарорасии шом ба истгоҳи охирин, яъне ба наздикии фурудгоҳ омадам...
Тамоми роҳ сари суҳбати чанд соат пеш бо Наврӯз Умар доштаам, андеша намудам. То андозае ҳақ ба ҷониби вай буд.
Модоме, ки Воҳид Камол дар як нигоҳ фаҳмидааст, ки марги Беназир аз ҳама беш қалби ман шикофтааст, пас чаро дигарон чунин напиндоранд ва аз чунин хулосабарориҳои ботил аҷаб не, ки андешаҳои дигаре низ онҳоро ба сар наояд, ки ин на танҳо бар зарари банда, балки сабаби нооромии рӯҳи Беназир гардиданаш мумкин буд.

пешина
аз 515
навбатӣ