Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Воҳид Камол дар як гӯшаи он номи шуморо сабт намудааст аз ин бармеояд, ки...
– Аз ин бармеояд, ки агар дар давоми даҳ шабонарӯз мо қотили Беназирро ошкор насозем аз кушодани ОПД2 моро роҳи гурез нест.
– Садқаи одами аҳли фаҳм шавам. Агар коғазу коғазбозӣ ба ҷонат зада бошад, дар ин даҳ рӯз майнаро об намуданат лозим, вагарна боз ҳамон мақоли русӣ сари саҳна меояд.
– Кадом мақол.
– Дурная голова ногами покоя не даёт.
– Ман ҳам мекӯшам, вале ваъда намедиҳам.
– Дар вазъи кунунии мо ваъда додан камоли бехирадист.
– Марги Беназир дар ҳақиқат барои банда як асрори ниҳонест. Афсӯс, ки дар ҳамин як соли охир мо дар бораи вай ягон маълумоте надорем.
– Ин ҳам яке аз тазодҳои зиндагист. То даме, ки Беназир дар қайди ҳаёт буд моро парвои вай набуд, вале чун ӯ ҳадафи тири кадом нохалафе қарор гирифт афсӯс мехӯрем, ки дар борааш маълумоти кофие надорем, намедонем ӯро чӣ хел зиндагӣ буд. Акнун ҳамаи ин оҳҳу воҳи мо қатораи рафтаро мемонад.
Мо дер мондем аз он қатора. Қатора рафт...
– Афсӯс.
– Кулли зоидашуда миранда аст, вале мо на бояд ба эҳсосот роҳ диҳем.
– Шуморо фаҳмидам.
– Инро барои он гуфтам, ки ба ақидаи Воҳид Камол марги Беназир аз ҳама бештар қалби шуморо шикофтааст. Эҳтимол боз баъзе касони дигар ҳам чунин андеша дошта бошанд.
Ҳамаи ин метавонанд нигоҳи ботилеро дар муносибатҳои шумо ва Беназир рӯйи саҳна орад, ҳарчанд мо медонем, ки байни шумо ва Беназир ягон муносибати наздике набуд. Хоҳиш мекунам сари гуфтаҳои банда андеша намоед.
– Маълум, ки банда аллакай ба эҳсосот роҳ додаам, вале шуморо бовар мекунонам ҳастанд ҳолатҳое, ки кас марги бегонаро ҳам ба дил наздик қабул мекунад. Гумон месозам, ки марги Беназир на танҳо барои ман, балки барои ҳамаи ҳайати шахсӣ як талафоти калонест...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо