Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳа, Акбар Ҳакимович ним соат шуморо кофта гаштам, вале касе намедонад, ки дар куҷо панаҳ бурдаед.
– Дар прокуратура будам.
– Хуш, ягон хабари тоза ҳаст?
– Ҳа, кадом як зане ба муфаттиш тариқи телефон хабар додааст, ки агар асрори марги Беназирро донистан хоҳед ба тарабхонаи «Кайҳон» равед.
– Набошад гӯед, ки шумо кай ба он ҷо нияти рафтан доред?
– Бегоҳ.
– Танҳо?
– Танҳо.
– Шояд нафареро аз кормандони бахш ҳамроҳи худ бигиред?
– Ба фикрам инаш зиёдатист.
– Ихтиёратон, боз нашаваду...
– Банда ба ҷанг не, балки ба разведка меравам. Чӣ лозим пеш аз пода чанг андохтан.
– Ҳа, дар воқеъ Воҳид Камол аз раёсати шаҳрӣ занг зада хабар дод, ки пасфардо як гурӯҳи босалоҳияте таҳти сарварии муовини аввали сардори раёсат, полковники милиса Шукрихудоев баҳри омӯзиши ҳуҷҷатҳои бахши кофтукови ҷиноятӣ ба ин ҷо ташриф меовардааст...
– Дар ҳамин шабу рӯз?
– Аҷалро чӣ парвои бачаи мардум.
– Буз дар ғами ҷону қасоб дар ғами чарбӯ...
– Дурустараш мо дар чӣ хаёлему фалак дар чӣ хаёл. Чун фардо моро ба Чанор рафтан лозим аст, хоҳиш мекунам, ки худи ҳамин рӯз то ба тарабхонаи «Кайҳон» рафтанат як маротиба ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар истеҳсолот доштаатро варақ мезадӣ.
– Метавонед осуда бошед.
– Ҷаноза фардо пешин мешудааст. Соати ёздаҳ аз ҳамин пеши бино автобус ба роҳ мебарояд. Агар рафтанӣ бошед аз автобус қафо намонед. То Чанор ҳамагӣ 62 километр. Ҳа, қариб, ки аз ёд бароварда будам, нусхаи қарори прокуратура оид ба оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ аз рӯйи марги Беназир аллакай дар котибот аст.

пешина
аз 515
навбатӣ