Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Тарабхона чун тарабхона хизматрасониаш ҳам бад не.
– Таваҷҷӯҳи ягон нафарро ҳамон вақтҳо нисбат ба худ ҳис намудед?
– Не.
– Пас чаро боварӣ доред, ки ягон нафар ин бегоҳ нисбат ба шумо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад?
– Чунки ин даъфа банда ба он ҷо танҳо меравам.
– Ин танҳо андешаи худи шумост, вале дар асл кӣ медонад чӣ мешавад.
– Баҳс намекунам, вале ба анҷоми неки кор умед мебандам.
– Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро зангзананда ба милиса нею ба ман занг зад.
– Эҳтимол нисбат ба прокуратура боварии бештаре дорад.
– Ман бошам дар дигар андешаам.
– Гумон доред, ки вай шиноси шумост?
– Овозаш ба назарам ,чӣ хел шинос намуд.
– Овоз ҳанӯз нишонаи шинос буданро надорад.
– Мефаҳмам.
– Акнун рафтанам лозим.
– Чӣ илоҷ. Ҳа, дар воқеъ рафту бегоҳ дар «Кайҳон» маълумоте ба даст овардед занг занед. Аминам, ки телефони хонаи моро фаромӯш накардаед.
– Метавонед осуда бошед,– гӯён ман аз ҷой бархестам.
Тамоми роҳи то ба милиса омадан ман сари гуфтаҳои Фурӯғи Шариф андеша намудам. Суханони зангзананда дар гӯшам садо доданду садо… Дигаронро намедонам, вале барои банда Беназир бо тамоми хислатҳои зоҳириаш чун оина шаффоф буд. Ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам овардан бароям мушкил аст, агар дар нисбат ба вай андешаҳои ботилро дар майнаам ҷой диҳам. Инҷо бошад боз кадом як асрореро дар тарабхонаи «Кайҳон» ҷӯстан лозим. Дар интиҳо ба хулосае омадам, ки то ташриф ба «Кайҳон» аз ҳама гуна хулосабарории пешакӣ худдорӣ намоям. Чун аз навбатдор фаҳмидам, ки дар вақти набуданам сарвари бахши кофтукови ҷиноятӣ Наврӯз Умар бандаро суроғ намудааст рост ба дафтари кории вай рафтам ва ӯро саргарми кор дарёфтам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо