Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

– Медонам, вале маро ҳеҷ ҳамон овоз ором намегузорад.
– Овоз мардона буд ё …
– Ё …
– Шумо дар ин бора чӣ андеша доред?
– Ба ростӣ то кунун ба хулосае наомадаам, шояд оне, ки занг зад мехоҳад ба мо ёрӣ диҳад.
– Ё баръакс моро фиреб дода, вақтро ба фоидаи худ ҳал намояд.
– Ба кадом хотир ӯ моро фиреб медодааст?
– То андозае ҳақ ба ҷониб шумост, охир мо то ҳанӯз дар ин ҷода қадаме ба пеш нагузоштаем.
– Пас хабари вай қобили қабул аст?
– Дар айни вақт моро роҳи дигаре нест.
– Ақалан зангзананда нагуфт, ки дар тарабхонаи «Кайҳон»
ба кӣ муроҷиат намоед.
– Бисёр талаб макун ба кам зор шавӣ…
– Яъне, ки ҳамин занг заданаш ҳам кифоя аст?
– Кифоя. Он тарафаш Худо подшост.
– Хуш, шумо чӣ маслиҳат медиҳед?
– Банда ба «Кайҳон» меравам.
– Кай?
– Бегоҳ.
– Чаро ҳозир не?
– Чунки ибтидои ҳама гуна асрорҳои ҷаҳон аз торики сарчашма мегиранд.
– Набошад ман ҳам ҳамроҳатон меравам.
– Ана ҳаминаш лозим нест.
– Чаро?
– Чунки таваҷҷӯҳ дар тарабхона нисбат ба шахси танҳо бештар аст.
– Шумо гумон доред, ки агар танҳо равед...
– Намедонам.
– Шумо ягон маротиба дар «Кайҳон» будед?
– Албатта.
– Нуқтаи назаратон дар ин бора.
– Дар бораи чӣ?
– Дар бораи «Кайҳон».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо