Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Акбар Ҳакимович
– Бале.
– Нашинохтед?
– Овозатон шиносу…
– Ман Фурӯғ…
– Бубахшед, хоҳари азиз.
– Соате пештар ҳам ба шумо занг задам, вале гӯшакро набардоштед.
– Мо дар назди шеф будем
– Ягон навигарӣ ҳаст?
– Нест.
– Агар бе малол бошед, як ба прокуратура меомадед.
– Ягон навигарӣ дарёфтед?– дар навбати худ суол додам ман.
– Биёед ҳамаашро мефаҳмед.
– Майлаш, ҳозир меоям.
– Интизор мешавам,– гуён муфаттиш гӯшакро ба ҷояш гузошт.
Баъди бист дақиқа банда вориди бинои прокуратура шудам. Баробари диданам, муфаттиш коғазҳои болои мизашро ғундошта, бандаро ба нишастан таклиф намуд. Сипас, аз чойники хурдакаке, ки болояш бо матоъи моҳутдоре пӯшонида шуда буд, як пиёла чой рехта, ба сӯям дароз намуд.
Як – ду қулт чойро фурў бурда, пиёларо болои миз гузошта, ба тарафи соҳиби дафтари корӣ рӯ оварда гуфтам:
– Шуморо гӯш мекунам.
– Намедонам ба шумо чӣ хел фаҳмонам? – риштаи суханро ба даст гирифта гуфт муфаттиш.
– Гап занед, ман мефаҳмам.
– Соате пештар нафаре ба ман зангзада гуфт, ки агар асрори марги Беназирро донистан хоҳед, ба тарабхонаи «Кайҳон»
биоед.
– Он кас худашро муаррифӣ накард?
– Не, вале дар назарам чунин намуд, ки ҳамон овозро ман дар куҷое шунидаам. Барои ҳамин ҳам ҳамон лаҳза ба шумо занг задам, вале бе натича.
– Чӣ хеле гуфтам мо дар назди шеф будем.

пешина
аз 515
навбатӣ