Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун Беназир тайи як соли охир дар мақомоти милиса сару кор дошт, бе чуну чаро ҳамин нигоҳи манфӣ ба милиса ҳам мерасид.
Воҳид Камол, ки як умр нони милиса хурда буд, ана аз ҳаминаш метарсид, мо ҳам…
Дар ин бора, қариб аксари ҳозирин фикру ақидаи худро баён намуданд, вале ин ҳам анҷоми кор набуд.

Дар шаҳрҳо, ки овозаи бадномии ту рафт,
Дусад фаришта накӯ гӯядат чӣ суд…

посух дод кадоме аз ҳозирин.
Ҳарчанд банда ба тарафи соҳиби овоз нигоҳ накардам, вале фаҳмидам, ки ӯ кист. Тайи як соат ин бори дуюм буд, ки банда эътирози вайро нисбат ба Беназир шунидам. Хостам ӯро ба ҷояш шинонам, вале боз ҷавоби аҳмақ – сукут гуфтани мардумро ба ёд оварда, муҳри хомушӣ ба лаб гирифтам.
Занги телефон садо доду Воҳид Камол онро бардошт. Сипас гӯшакро ба ҷояш гузошта гуфт:
– Маро ба Раёсати шаҳрӣ даъват намуданд, хоҳиш мекунам нисбат ба ҳодисаи мазкур бе тавофут набошед.
Сарвари ШКД аз ҷой бархест. Мо низ дафтари кории вайро тарк намудем…

… 3 ...

Аз зинаҳо ба ошёнаи дуюм баромада истода будам, ки садои занги телефонро аз дафтари кориам шунида суръати ҳаракатамро зиёдтар намудам, вале шахси занг зананда худ сабуриро аз даст доду гӯшакро ба ҷояш гузошт ва бо ин амали худ ҳама ҷаҳду талошҳои бандаро ба бод дод…
Соате паси мизи корӣ сари хоҳиши Воҳид Камол хомаро болои варақи сафед бурдам ва дар охир чун ба қайдҳои коғаз назар афкандам таъби бе ин ҳам хираам хиратар гашт ва коғазҳоро пора – пора намуда, ба қуттӣ партоб партофтам .
Дар ин асно боз занги телефон баланд шуд.
Гӯшакро бардошта гулу рушан намудам.

пешина
аз 515
навбатӣ