Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Ҳамаи инро сабаб ҳамон ду ҳазор доллари амрикоист, ки аз зери болини вай ёфт шуд. Дар ин як шабонарӯз мо ба ин суоли худ ҷавоби расмии саҳеҳ гирифтем ва бояд арз намоям, ки на волидайн ва на кадоме ба марҳум боре ҳам ёрии иқтисодӣ надодаанд. Ба ҷуз ин Беназир ҳар мох қариб чоряки маошашро иҷорапулӣ месупоридааст, боз пардохти барқ, газ ва дигар хизматҳои комуналӣ.
Ҳар чанд қисме аз ин хизматрасониҳоро вай дар асоси Қарори ҳукумат дар ҳаҷми 50 % пардохт намудааст. Ман аз ҳамаи шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки сари ҳамин масъала андеша намоед, – гуфт сарвари ШКД.
Дар солҳои бо Воҳид Камол кор намудан банда бори аввал шунидам, ки ӯ ба зердастон амр надода:
– Эҳтиромона ҳоҳиш мекунам, – гуфт Дар ҳамин як ҷумла ӯ натанҳо дарди худ, балки дарди тамоми ҳайати шахсиро, ки дар маҷмӯъ номи баланди милисаро сазовор гаштаанд, байён намуд.
«Аз ҳамаи шумо эҳтиромона ҳохиш мекунам»,– гуфтани Воҳид Камол ҳамон лаҳза мавҷи хаёлотамро ба гузаштаи на чандон дур буд. Дар айёми ҷавонӣ дар замоне, ки дар Сағирдашт ҳануз оинаи нилгун набуд, мо бегоҳиҳо ба клуби шурои деҳот, ки ягона махзани маданию маърифатӣ буд, рафта ба ивази бист тангаи барориши соли 1961 як филми бадеиро тамошо мекардем.
Чун он солҳо талабот ба тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ зиёд буд, аксари филмҳои ба тамошобинон пешниҳод шуда, ифодагари шуҷоату мардонагии падару бобоёни мо дар солҳои ҶБВ буд. Маҳз дар ҳамин филмҳо мо даъвати Модар – Ватанро, ки «Ватан дар хатар аст» – гӯён ҳамагонро ба ҳимояи Ватан – Модар даъват мекард, дида нафратамон нисбати аҷнабиёне, ки Ватани моро торумор кардан мехостанд зиёд мешуд…
«Эҳтиромона хоҳиш мекунам»,– гуфтани Воҳид Камол пеши назарам симои ҳамон зане, ки дар филмҳои бадеӣ ҷавононро ба ҳимояи Модар – Ватан даъват менамуд, овард.
То андозае ҳақ ба ҷониби Воҳид Камол буд. Ҳамон ду ҳазор доллари зормонда андешаҳои мухталиферо дар атрофи номи Беназири Назир гирд оварда буданд, ки нигоҳи мардум ба он манфӣ буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо