Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди ин борон ҳам монд ва шамоли сахт абрҳоро пароканда сохт. Имрӯз бошад…
Маълум, ки оҳҳи дили деҳқон ба гӯши фалак нарасид, ки нарасид.
Ним соат пеш аз оғози кор ба идора омадам, то бифаҳмам, ки дар бораи Беназир боз чӣ гапу хабаре ҳаст.
– Ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чӣ тавр бо ҳамин маоши ночизи милиса вай ду ҳазор доллари амрикоиро сарфа намудааст,– гуфт лейтенанти милиса Салим Ворис.
– То фаҳмидани ин чизҳо барои худат хело вақт лозим.
Ӯ кинояи бандаро фаҳмид ё не, муҳри хомушӣ ба лаб зад ва ман ба тарафи ошиёнаи дуюм ҳаракат намудам.
Паси мизи кориам нишаста, сари гуфтаҳои Салим Ворис андеша намудам. Рафту вай агар суханонашро бе ғаразона гуфта бошад, он ҳамаро дар мизони ақл баркашидан лозим буд.
Дар ҳақиқат бо маоши кунунии милиса чунин маблағро ғундоштан ғайри имкон буд, аммо ҳастанд ҳолатҳое, ки шахс метавонад соҳиби молу ашёи зиёде гардад. Масалан, аҷаб нест, ки Беназир мерос гирифта бошад,– аз дил гузаронидам ман, вале ҳамоно фаҳмидам, ки андешаҳоям лойи хушкро мемонад.
Боз ҷисми сарди ӯро дар либоси ғайр дарёфтани мардум ҳам бароям як муаммо буд. Муаммое, ки ҳали худро талаб мекард, вале онро чӣ тавр бояд ҳал кард? Касе намедонист.
Банда таъби баланди Беназирро кайҳо дарк намуда будам.
Ҳеҷ боварам намеомад, ки ӯ пушидани боронии дигар касро ба худ раво дида бошад…
Тай ин ду рӯз чандин бор бо замири худ қариб даст ба гиребон шуда будам, вале …
Ин даъфа шикасти худро эътироф намудам. Охир, ки метавонад бе рухсат либоси дигареро ба бар намояд. Дар тани Беназир дарёфтани боронӣ ва рӯймоли бегонаро, албатта сабабе буд, ки мо онро намедонистем…
Расо соати ҳашт аъзоёни гурӯҳи фаврӣ тафтишотиро ба дафтари кории Воҳид Камол даъват намуданд.
– Марги Беназири Назир барои ҳамаи мо як талафоти калонест, вале ин ҳануз анҷоми кор нест. Акнун дар мизони вақт обрӯй ва эътибори милиса гузошта шудааст.

пешина
аз 515
навбатӣ