Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вақте ки ман калидро ба сурохии дар гузошта онро тоб додам, Беназир муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифт. Рӯзи дигар ман бо вай дар байни зинаҳои ошиёнаи якуму дуюм рӯ ба рӯ омадам ва бо шухӣ гуфтам:
– Ба фикрам касе ба дилат пайкони муҳаббатро ҷо ба ҷо намудааст. Агар чунин аст табрикоти бандаро бипазиред. Дар як лаҳза дарк намудам, ки рухсораҳои чун кулчаи ширмол зебои Беназир арғувонӣ шуданд ва ӯ сар ба зер афканда, табассум гирди лабон поён рафт…
Ҳар он чӣ, ки имрӯз аз забони Фурӯғи Шариф шунидам, ба ақл рост намеомад. Аммо ҳар он чӣ, ки муфаттиши прокуратура гуфт бе ягон обу ранг гуфт. Тайи ин муддат ман на як бору ду бор сари «бозёфтҳои» ҳуҷраи иҷоравии Беназир андеша намудам, аммо ба хулосае омада натавонистам. Афсӯс ба он хурдам, ки боре ҳам бо Беназир аз сидқи дил суҳбат накардаам.
Далер аз берун омад. Дар сару либосаш қатраҳои борон буд.
– Хуш, чӣ хабари тоза овардӣ?
– Борон гирифт…
Наталя Василевна дастурхон густурд. Хӯрок овард, аммо иштиҳоям дубора баста шуду ба ҷуз як пиёла чой дигар луқмае ба даҳон набурдам, гумон намудам, ки соате пештар як коса равғани гӯсфандро ошомидаам…
– Бо он ҳама оҳу войят ман гумон намудам, ки …
– Давидани гӯсола то каҳдон…
– Ту гумон дорӣ, ки дар марги Беназир танҳо худат месузӣ?
– Намедонам.
– Ба ростӣ ман ҳам тамоми рӯз ҷойи нишаст намеёбам, ҳарчанд вайро надида будам. Шояд маро каме ба рӯзгори вай худораҳматӣ шинос мекардед?
– Ман ҳам қариб дар бораи вай чизе намедонам.
– Афсӯс,– гуфт ҳамсарам ва мо ҳарду хомӯш мондем…

… 2 ...

Субҳи рӯзи душанбе вақте ки ман аз хона баромадам, дар
осмон ҳатто як пораи абрро ҳам надидам. Дирӯз бегоҳӣ ҳамаги чор – панҷ дақиқа борон борид, ки нишонаашро ман дар сару либосҳои Далер дидам.

пешина
аз 515
навбатӣ