Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вақте ки ман дафтари кории Воҳид Камолро тарк намуда берун баромадам, аллакай тамоми осмонро абрҳои сиёҳ печонида буданд. Гумон намудам, ки замину осмон ҳам барои Беназир, барои он олиҳаи зебои идораи мо, ки ҳанӯз аз сад гул як гулаш ҳам нашукуфта буд, мегиряд...
Ба содагии худ ҳайрон шудам. Охир дар ҳамин шабу рӯз борон айни муддао буд. Марди деҳқон шояд шабу рӯз омадани боронро таманно дошт, ман бошам ҳамаи инро ба марги нобаҳангоми Беназир шабеҳ додам, бехабар аз он, ки ҷаҳон ҷовидона аст ва рафту садҳо не, балки ҳазорҳо нафароне низ чун Беназир аз ин дунё реҳлат намоянд ҳам ҷаҳон ҷовидона боқӣ хоҳад монд.
«Мо дар ҷаҳон ва ҷаҳон дар қалбҳои мо ниҳон аст», – чӣ ҳам мегуфтам ба нидои қалби худ, аммо ҳамин нидо бандаро боз ба андеша водор намуд. Рафту агар замин аз тири меҳвари худ хатто шавад дигар на ту монию на ман. Беназирро ҳам шаби гузашта таноби умраш ба охир расид ва дигар ҳама оҳу дарди мо барояш бенатиҷа буд.
Аз паси пардаи абр офтоб ҷамоли худро лаҳзае мунаввар сохт ва боз паси абри дигаре панаҳ бурд...
Дигар дар пеши дари идора ҳам нишастан маъние надошт.
Чун ҳанӯз тафтишот дар ин бора назарияи ягона ва мукаммал надошт ба ҳамин хотир ман ба хона омадам. Танҳо вориди хона шуда фаҳмидам, ки ниҳоят гурусна мондаам. Наталя Василевна ҳатто бовар накард, ки банда тамоми рӯз чизе ба даҳон набурдаам. Далер саргарми бозиҳои худ буд. Банда боз Беназирро пеши назар овардам:
Ҳафтае пеш вақти хӯроки пешин ман аз дафтари кориам баромада истода, аз дари рӯ ба рӯям, ки нимроғ буд, беихтиёр овози Беназирро шунидам, ки тариқи телефон бо касе гап мезад:
Дили бе дарду ғамеро чӣ кунам, Дилам ошуфтаву бемори ту беҳ1.

пешина
аз 515
навбатӣ