Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз он ки маҳз ҳамин духтараки резапайкар сарвари гурӯҳи тафтишотиро ба ӯҳда гирифта буд, мо ба анҷоми неки кор умед бастем.
Сарвари гурӯҳ гуфт, ки Беназири Назир соатҳои 22 – 2230 дақиқаи шаби 16 – ум ба 17 – уми феврал тахминан дусад – дусаду панҷоҳ метр дуртар аз манзили истиқоматиаш дар қисми шимолу ғарбии майдони «Варзишгар» таввассути яроқи оташфишон ба қатл расонида шудааст. Тир аз пушт ба шонаи чапи вай даромада, аз дилаш гузашта, дар қафаси синааш дармондааст. Ҳодисаро ягон нафар дида будааст ё не, то кунун барои тафтишот муаммо буд, аммо як чиз мусаллам буд, ки қотил маҳорати хуби ба нишонгирӣ доштааст. Муфаттиши прокуратура гуфт, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса аз масофаи бисту панҷ– сӣ метр дуртар гилзаи холие аз таппончаи тамғаи «Макаров» ёфт шуд, ки худи ҳамин рӯз дар асоси талаботи Кодекси мурофиавӣ – ҷиноятӣ он ба ташхиси баластикӣ фиристода мешавад. Аз гирду атроф, дигар ягон нақше, ки таваҷҷӯҳи тафтишотро ҷалб намояд, ёфта гирифта нашудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки қотил умуман баъди ба замин афтидани «сайд» ба ӯ наздик нашудаст.
Фурӯғи Шариф гуфт ҳангоме, ки мо ба ҷойи ҳодиса рафтем нафарони зиёде аз хонаҳои гирду атроф, ки аксарашон Беназирро мешинохтанд, дар ҷойи ҳодиса ҷамъ омада буданд.
Маҳз нишондоди қисме аз онҳо таваҷҷӯҳи моро ба ҳодисаи рухдода бештар намуд. Онҳое, ки Беназирро мешинохтанд гуфтанд, ки вай либосҳои бегонаеро ба бар кардааст ва ӯ ҳеҷ гоҳ чунин либос надошт.
Муфаттиши прокуратура гуфт, ки баъди ба мурдахонаи тиббӣ – судӣ фиристодани ҷисми Беназири Назир аз ҷойи ҳодиса рост ба манзили истиқоматии вай рафта, кофтуков гузаронидем. Ҳангоми кофтуков аз зери бистари вай ду ҳазор доллари амрикоӣ пайдо намудем. Ҳамсояи Беназир Матлубаи Хуршед либосҳои вайро дида гуфт, ки дар байни либосҳои дугонааш нимкуртаи рангаш кабуд ва камзулчаи моҳутдори рангаш сабзи Беназирро надида истодааст. Дар тани беҷони Беназир бошад боронии сафеди зебое буд. Ҳамсояҳо бошанд моро бовар кунонидаанд, ки Беназирро ҳеҷ гоҳ бо чунин боронӣ надида буданд...

пешина
аз 515
навбатӣ