Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 3. Романҳо

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 515 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Соате пештар бандаро дар чорроҳаи кӯчаи Сафо боздоштанд.
– Чӣ, ягон ҳодиса рух дода будааст?
– Ҷисми беҷони духтаракеро дар паҳлӯи майдони «Варзишгар» ёфта буданд ва маро ҳам ба ҳайси шахси холис ба он ҷо даъват намуданд.
– Ба вай чӣ ҳодиса рух дода будааст?
– Кадом худозадае ӯро паррондааст. Ба ростӣ ҷисми ӯро дида кас гумон намекунад, ки вай дигар дар қайди ҳаёт нест.
Дар ҳамон ҷо ман фаҳмидам, ки вай милиса будааст. Истед, ки шумо вай духтаракро мешиносед?– ба тарафи дасти чап тоб хӯрда пурсид ронанда.
– Бале.
Таксӣ дар рӯ ба рӯйи бинои милиса истод. Дар пеши бино касе набуд. Баробари вориди бино шуданам навбатдор гуфт, ки ба толори маҷлисгоҳ равам. Дар ин субҳи рӯзи якшанбе аз се ду ҳиссаи ҳайати шахсӣ аллакай омада буданд. Чун дар минбар касе набуд, ба хулосае омадам, ки ҳамагон омадани роҳбариятро интизоранд. Салом дода, гузашта ба курсие нишастам.
Баъди тахминан даҳ дақиқа Воҳид Камол вориди маҷлисгоҳ шуд ва ҳайати шахсиро, ки аз рӯйи таомул ба истиқболаш нияти бархостан доштанд бо ишораи даст ба нишастан ҳидоят намуд. Ӯ хабар дод, ки тахминан ҳашт – нуҳ соат пеш лейтенанти милиса Беназири Назир тариқи яроқи оташфишон дар наздикии манзили истиқоматиаш ба қатл расонида шудааст.
Дар айни ҳол ҷисми Беназирро ба мурдахонаи тиббии судӣ фиристодаанд. Аз рӯйи ин ҳодиса прокуратураи ноҳияи Гулистон тафтишот мебарад. Ӯ ба суолҳо мухтасар ҷавоб дода, аз ҳамаи ҳайати шахсӣ хоҳиш кард, ки сабру таҳаммулро пеша намоянд ва аз пайи корҳои рӯзмара шаванд.
Соате пас гурӯҳи фаврӣ аз ҷойи ҳодиса баргашт. Дар нимаи дуюми рӯз амри сардор дар бораи ташкил намудани гурӯҳи фаврии тафтишотӣ интишор шуд ва зуд аъзоёни гурӯҳ дар дафтари кории Воҳид Камол гирд омаданд. Ман низ дар он қатор будам. Муфаттиши прокуратура Фурӯғи Шариф ҳамаи аъзоёни гурӯҳи фаврии тафтишотиро ба рафти ҳодиса дар атрофи ҳодисаи ба сари Беназири Назир омада шинос намуд.

пешина
аз 515
навбатӣ